Formula novemver 2024
ФАРЗОНА НАЗАРОВА: БА ДОДАМ БИРАС, ФАРЗОНА!
30.10.2020
ОИЛА
11543

 

Салом, апаи Фарзона! Ман як мухлиси ашаддии шумо ҳастам, аз сурудхониатон, аз зебоиву симои дилкаши шумо, аз суханҳои ширину шоиронаи шумо ҳавасам меояд.

Бисёр мехоҳам шуморо аз наздик бубинам, аммо ман мисли шумо зебо нестам. Худои меҳрубон ба шумо тамоми неъмати дунё-касбу кор, зебоӣ ва фарзандони дӯстрӯякро додааст. Апаҷон, шумо гумон накунед, ки ман ин суханҳоро барои ба мо кӯмак карданатон мегӯям. Асло чунин нест. Он чизе, ки дар қалбам ҳаст, ҳамонро мегӯям. Ман ҳам Фарзона ном дорам. Дар бахши сеюми Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунам. Ман умуман падарамро надидаам. Аз рӯйи гуфтаҳои модарам, ман 2-моҳа будаам, ки падарам ба муҳоҷират рафтааст, то кор кунаду хона бихарад. Аммо ӯ рафту дигар барнагашт.

Тӯли 18 сол аст, ки мо ӯро интизорем. Хабар омада, ки падарамро авбошон кушта, дар ҷангал партофтаанд. Модарам бо умеде, ки рӯзе ӯ ба наздамон бармегардад, дигар шавҳар накард. Мо ҳамроҳи бибию бобои нафақахӯрам зиндагӣ мекардем. Онҳо хеле пиру нотавонанд ва имкони ба мо харидани манзилро надоранд. Ғайр аз мо, боз ду холаи дигарам ҳам бе хонаву дар ҳастанд. Модарам дар як ошхона косаву табақ мешӯянд. Саломатиаш чандон хуб нест. Маоше, ки мегиранд, танҳо ба хондани ман мерасад. Мо дар назди Беморхонаи “Роҳи оҳан” дар як хонаи кӯҳнаю фарсуда зиндагӣ мекунем. Хона шароити хуб надорад ва ҳар моҳе 300 сомонӣ иҷорапулӣ медиҳем. Маъмурияти омӯзишгоҳ ҳамасола сару либоси мактабиро ба ман ройгон медиҳанд, ки аз эшон сипосгузорем. Апаҷон, бубахшед, ки бисёр ҳарф задам. Бори аввал аст, ки дарди диламро ба шумо мегӯям, хиҷолатзадаам.

Чӣ чора, ки тақдир ҳамин будааст. Охир, дилам ба модарам месӯзад. Агар илоҷаш бошад, апаҷон, ба мо кӯмак кунед. Худованд некиҳои барои мо ятимон кардаатонро бе ҷавоб нахоҳад монд. Апаҷон, умедам ба шумост, лекин ман духтари ботақдир нестам.

Фарзона Назарова,

сокини шаҳри Душанбе

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД