Кампири Анор интизор буд, ки фарзандаш ӯро ба хонааш мебарад, вале Диёр чашмашро аз чашмони модар гурезонида гуфт:
-Шумо дар ҳамин ҳавличаҳои худатон зиндагӣ карда гардед, ман аз ҳолатон хабар мегирам, дар хонаи мо аздусар касе нест. Самирро дӯстонаш ба Амрико барои кор даъват карданд, баъди чанде келинатон низ назди ӯ рафтанист, Амир дар Маскав, ман зуд-зуд ба сафари хидматӣ меравам.
Кампири Анор ашки ба рухсораҳои пурожангаш давидаро бо панҷаҳои шахшӯлаш рӯфта, хомӯш монд. Диёр низ чанд лаҳза хомӯш буд, вале боз ба сухан омада, коѓазеро аз анбони дар дасташ буда бароварда, сӯйи модар дароз намуд:
-Очаҷон, ана ин ҷо имзо монед, ки ризоед то хориҷиёнро ба муҳлати шаш моҳ ин ҷо иҷора монем…
-Шаш моҳ бошад, шаш моҳ,-пичиррос зад кампир ва бо дастони ларзонаш зери як ҳуҷҷат имзо монд…
Бечора модар аз куҷо медонист, ки бо дастони худаш ба санади бекасукӯию оворагӣ ва муҳтоҷӣ имзо мондааст? Ин дидорбинии охирини писару модар гашт, зеро Диёри беимон ҳавлии модарро ба нархи гарон фурӯхта, барои худаш ва зани носерамаш, ки ҳатто як рӯз ба модари ӯ ҳамчун келин хизмат накарда буд, дар Маскав ҳавлӣ харид. Писараш Амирро низ ҳамон ҷо хонадор кард, занаш духтари як хешашро, ки муқими Русия буд, келин гирифт. Дар тӯй аз хешони Диёр ягон нафар иштирок надошт, зеро ин марди латта ҳамеша бо садои доираи занаш рақс мекарду чун бало аз вай метарсид. Диёр маҳз бо дасисаи вай модари пирашро фиреб дода, ҳавлии падарияшро фурӯхт, дар бинои хонаҳои нав дар баробари Диёр пиру кампир низ тамоми пасандози худро сарф карда будаанду ба ин хона ҳақ доштанд. Пас аз ду моҳи ин дидор рӯзе як зани саттанги тиллопеч рӯйи ҳавлӣ пайдо шуда, дари хонаҳои навро во намуда вориди он гашт. Кампири Анор асли воқеаро аз забони он зан шунида, фишораш баланд шуда, аз пой афтид ва пас аз талоши чандрӯзаи духтурон ба худ омад. Диёр хонаро ба ин зан, ки зани дуввуми кадом як мансабдор будааст, фурӯхта ҳатто модарро огоҳ накардааст. Пас аз кӯчида омадани он зан кампири Анор дар кӯча монд ва духтараш бо ситезаву қаҳру ѓазаб ӯро ба хонааш овард.
Духтараш дар як вазифаи роҳбарикунанда кор мекарду барои ришвахӯрӣ ба даст афтода, тамоми дороияшро аз даст дод. Шавҳараш низ партофта рафт, акнун дар хонаи иҷора бо духтари бахтшикастааш зиндагӣ мекунад ва кампири Анор зери мазаммату сарзаниши онҳо як сол боз ҳаёт ба сар мебарад. Дилаш танҳо дар хона бухс мекунад ва ба берун баромада, зери сояи дарахтон шомро мунтазир мешавад, баъзан бо ҳамсояе рози дил карда, ѓубори хотирашро тоза мекунад. Аҳли маҳҳал қисмати талхи модарро аз ёд донанд ҳам, боз ба суханонаш гӯш медиҳанд, барои наозурдани хотираш. Вақтҳои ахир кампирак ҳар нафари зиёинаморо бинад, хоҳиш мекунад, ки вайро бурда ба хонаи пиронсолон монанд. Мардум аз тарси духтари ҷангараи хеле бадхашмаш аз ин гуна сӯҳбатҳои кампирак мегурезанд, вале ҳама бар онанд, ки сели ашки модар як рӯз не як рӯз хонаи фарзандони бемеҳрашро ба замин яксон хоҳад сохт….
Дилошӯб