arzon replenishment
Фарзанди худро ҳифз намо: аҳамияти ҳар як ваксина
03.01.2025
ОИЛА.ТҶ
331

Барои ба воя расонидани фарзанди солим ӯро аз рӯзи аввал муҳофизат кардан зарур аст.

Утоқи иммунизатсияи маркази саломатии шаҳрии №13-и шаҳри Душанбе доимо равшан ва бароҳат аст.

«Мо бо табассум волидонро дар ин утоқ пешвоз мегирем. Зеро медонем, ки кори муҳимро анҷом медиҳем, яъне кӯдаконро муҳифизат мекунем»,- ҳангоми омодагӣ ба қабули беморони хурдсол гуфт апаи Дилбар.

Ӯ солҳои зиёд ба ҳайси иммунизатор фаъолият кардааст ва ҳар рӯз шоҳиди он аст, ки чӣ гуна бо шарофати ваксинаҳо кӯдакон солим ва пурқувват ба воя мерасанд.

«Вақте волидон фарзандони дуюм ё сеюми худро меоранд, ин лаҳзаи аз ҳама гуворотарин дар кори ман аст, зеро онҳо аллакай аз аҳамияти ҳар як ваксина огоҳ ҳастанд. Ин волидон натиҷаи иммунизатсияро дар фарзандони калонии худ дида, муҳим будани онро хуб мефаҳманд,» - мегӯяд апаи Дилбар ва ҳамзамон бо эҳтиёт ваксинаи навбатиро барои тифли дигар омода мекунад.

2

Кӯдакони солим – волидони хушбахт

Ба тақвими рангоранги иммунизатсия дар утоқи худ ишора карда апаи Дилбар гуфт - «Ҳар як иммунизатсия шабеҳи сипари ноаён аст, ки кӯдакро муҳофизат мекунад. Аз ин рӯ волидоне, ки тақвими иммунизатсияро риоя мекунанд ба фарзандони худ саломатии мустаҳкам ҳадя менамоянд, ки аз ҳама пурарзиштарин аст»

Фарзона модари ду писари фаъоли 5 ва 3 сола буда, аз ҷумлаи волидонест, ки тақвими иммунизатсияро қатъиян риоя мекунанд.

«Фарзандони ман сари вақт иммунизатсия шудаанд. Писари калонӣ аллакай ба кӯдакистон меравад ва писари хурдӣ низ ба наздикӣ хоҳад рафт. Ман аз солимии онҳо хавотир нестам, зеро медонам ки онҳо муҳофизат шудаанд,» - ҳангоми иммунизатсияи нақшавии фарзанди хурдии худ гуфт Фарзона.

3

Муҳофизат барои тамоми умр

Дар утоқи замонавии иммунизатсия тамоми лавозимоти барои иммунизатсияи бехатари кӯдакон заруриро пайдо кардан мумкин аст. Аз ҷумла якдонҳо барои нигоҳдории ваксинаҳо, сӯзандоруҳои якдафъаина ва маводҳои безараршуда.

«Мо барои бароҳат кардани раванди иммунизатсия ҳам барои кӯдакон ва ҳам волидони онҳо тамоми шароитро фароҳам овардаем»,- мегӯяд апаи Дилбар.

Чунин шароити замонавӣ барои иммунизатсияи кӯдакон бо шарофати ҳамкории фаъоли байналмилалӣ имконпазир гардидааст.

“Аз соли 2005 инҷониб Ҳукумати Ҷопон барномаи иммунизатсияи барвақтии кӯдаконро дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ЮНИСЕФ ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дастгирӣ мекунад. Бо шарофати дастгирии доимии ЮНИСЕФ лоиҳаи мазкур имкон дод, ки зиёда аз 1 миллион кӯдаки то 1 сола дар саросари Тоҷикистон дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба ваксинаҳои зарурӣ дастрасӣ пайдо намоянд”,- гуфт Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аикӣ.

«Вақте, ки модарон дар бораи ваксинаҳо аз ман пурсон мешаванд, ман ҳамеша мегӯям: тасаввур кунед, ки шумо муҳофизатро ба фарзанди худ меомӯзед. Тавре, ки мо ба кӯдакон тарзи дурусти аз роҳ гузаштан ё эҳтиёт ҳангоми расидан ба ашёи гармро меомӯзем, ҳамин тавр мо тавассути иммунизатсия ба организми онҳо муҳофизат аз бемориҳои хатарнокро меомӯзем»,- нақл мекунад апаи Дилбар.

4

Овони кӯдакии пурсаодат ва амн

«Писаронам фаъол ва солим ба воя мерасанд. Писари калонӣ бо варзиш машғул аст, писари хурдӣ низ кӯшиш мекунад пайрави бародараш бошад. Дидани солим ба воя расидани фарзандон ин як хушбахтӣ аст»,- бо табассум мегӯяд Фарзона. Мисоли ӯ барои волидони дигаре, ки ба маркази саломатии шаҳрӣ меоянд илҳомбахш аст.

«Ҳар рӯз дар анҷоми кор ман мефаҳмам, ки боз барои муҳофизати якчанд кӯдаки дигар кӯмак кардам. Вақте оилаҳои аллакай шинос бо дигар фарзандони худсол меоянд ва ман мебинам, ки фарзандони калонии онҳо солиманд, ин аст тасдиқи беҳтарини муҳим будани кори мо»,- мегӯяд апаи Дилбар.

Ҳар як кӯдак сазовори овони кӯдакии солим аст ва ҳар як падару модар метавонад ин муҳофизатро ба фарзанди худ ҳадя намояд. Иммунизатсияҳои саривақтӣ – ин ғамхорӣ нисбат ба оянда аст, ки боиси саломатии қавӣ ва табассумҳои хуши кӯдакон мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД