Солҳост, ки бодарду алам умо ба сар бурда истодаам. Умри маро дарде хазон кардааст, ки аз гуфтанаш шарм медорам. Гап сари он аст, ки духтарам обрӯи оилаамонро ду пул кард. Номусашро бохту баъди нуҳ моҳ хабари ҳомиладор шуданаш дар деҳа паҳн гашта, моро ангуштнамои мардум кард. Ҳамдеҳагон санги маломатро ба сари ман зада «духтари тардоманат ба ин деҳа касофатӣ меорад, ӯро сангсор мекунем» гуфта, ба дари хонаамон омаданд. Субҳи ҳамон рӯз падару бародараш тоби бардошти бори номуси ин амали зишти Гулчеҳрро накарда ба шаҳр рафтанд ва бехайру хуш ба Русия парвоз карданд. Падараш рӯзи рафтан ба рӯям туф карда гуфт: «Модар шуда, ту духтаратро хуб тарбия мекардӣ, номусашро намебохт!»
Духтарамро дар хона зиндонӣ намуда, то дилам хунук шудан задам ва беобу нонаш гузоштам. Намедонам бо кадом роҳ аз хона баромада фирор кард. Дигар суроғаш накардам. Як сол нагузашта, ба гӯшам расид, ки духтарам бомж шудааст. Масту махмур дар кӯчаҳо мегаштааст. Ман модарам, бо вуҷуди бад номзад будани духтарам боз дилам барояш месӯзад. Ин шармандагиро ба куҷо барам?!
Хонандагони азиз, маслиҳати беғаразонаи хешро аз мани ночор монда дареғ надоред!
С.Д.