Formula novemver 2024
Фарзандам шаҳодатнома надорад, чӣ кор кунам?
597

Фарзандам 7-сола асту ба мактаб меравад, аммо шаҳодатномаи таваллуд надорад. Вақте ӯро ба мактаб бурдем, директори матаб гуфт, ки бо сабаби надоштани шаҳодатномаи таваллуд қабул карда намешавад. Шаҳодатномаро чӣ хел гирам?

Носир Азизов.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ" то се моҳи баъди таваллуди кӯдак волидайн уҳдадоранд барои кӯдаки навзоди худ шаҳодатномаи таваллуд бигиранд, зеро то семоҳа шудани кӯдак шаҳодатномаи таваллуд дастрас намуданро қонунгузор ройгон кафолат додааст, аммо дар амалия мушоҳида мешавад, ки баъзе волидайн дар хусуси сари вақт дастрас намудани шаҳодатномаи таваллуди фарзанд бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир менамоянд.

Дар ин хусус моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муроҷиат намудан баҳри гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдаки аз семоҳа боло ва дар суоли шаҳрванд 7- сола дарҷ карда шудааст, барои вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷарима ба миқдори се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки аз санаи 01.01.2023 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 68 сомониро дар бар мегирад, дар “Амонатбонк” ҷарима дар асоси қарори таъин намудаи суд ба андозаи 204 сомонӣ пардохт намуда, варақаи пардохт ба бахши САҲШ пешниҳод карда мешавад ва дар ин ҳолат шумо метавонед бе мамониат шаҳодатномаи таваллуди фарзандатонро гирифта, кӯдакро ба мактаби ибтидоӣ барои таҳсил ҷалб намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД