arzon replenishment
Фаррух Сангинов писари Муқимҷон аст
3086

Салом сомонаи дӯстдоштании “Оила”. Ман як хонандаи ҳамешагии шумо ҳастам. Чанд кас гуфт Фаррух Сангинов писари ҳаҷвнигори шинохта Муқимҷон Абдуфаттоев аст. Мехостам оид ба ҳамин гап маълумот медодед, ки то куҷо воқеӣ аст?

Санам, сокини ш. Панҷакент

Баъди ин савол мухбири сомона бо Фаррух Сангинов гуфт, бисёриҳо гумон мекунанд, ки ӯ воқеан писари ин ҳаҷвнигор аст.

"Хайрият, ки Муқимҷон Абдуфаттоев аз Исфара асту мо аз Бӯстон. Агар аз як шаҳр мешудем шубҳа пайдо мешуд (механдад). Ман ба Муқимҷон мухлис ҳастаму аз хурдӣ он нафарро тамошо мекардам ва мухлис, ки будам барои ҳамин шояд тарзи сухан кардану нақш бозӣ карданам ба он кас монанд бошад", - гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки Фаррух Сангинов 23 июни соли 1991 дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар ҳамин шаҳр хонда, баъдан Донишкадаи куҳӣ- металургии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД