Formula novemver 2024
Фархор: Духтарчаи 7-сола дар канал ғарқ шуд!
744


Бепарвоии волидон дар тарбияи фарзанд ва бе назорат гузоштани кӯдакони хурдсол аксаран боиси сар задани ҳодисаҳои тақдирсӯзе мегардад, ки доғи он як умр дар дили падару модар боқӣ мемонад.

Фоҷиаи талхе, ки дар ноҳияи Фархори Вилояти Хатлон сар задааст, делели равшани ин гуфаҳост.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ғарқ шудани боз як духтарчаи ноболиғ дар оби канал хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, рӯзи 24-августи соли равон ба шӯъбаи ҳолатҳои фавқуллодаи минтақаи Кӯлоби Вилояти Хатлон хабар расид, ки рӯзи 23-уми август бо сабаби беназоратии волидон  як духтарчаи 7-солаи сокини деҳаи Тоҷикистони ҷамоати Хуросони ноҳияи Фархор дар об ғарқ шудааст. Наҷотдиҳандагон фавран ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд ва худи ҳамон рӯз ҷасади ин духтарчаи нокомро тахминан 700 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо намуда, ба волидонаш супурданд.
Бино ба маълумотҳои омории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, танҳо тайи 7 моҳи соли 2022 дар кӯлу дарё ва каналҳои Тоҷикистон аллакай 123 нафар, аз ҷумла 64 ноболиғи синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.
Аз тамоми падару модарон хоҳиш мекунем, ки ба хотири пешгирии чунин ҳдисаҳои нохуш фарзандони худ, махсусан кӯдакони ноболиғро бе назорат нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД