Formula novemver 2024
Фариштаро дар хоб дидан чӣ таъбир дорад?
1503

 

Салом. Ма чанд шаб пеш дар хоб фариштаҳоро дидам. Он ҳаргуна ба хобам медарояд.

Гоҳо худро дар осмону гоҳо онҳоро дар замин мебинам. Мехостам таъбирашро донам.

Посух

Дар хоб дидани фариштаву малак нишондиҳандаи он аст, ки инсон дар зиндагӣ ба шуҳрат ва иззату эҳтиром мерасад. Агар фариштагон ба масҷид ворид гарданд, маънои онро дорад, ки шахси чунин хоб дида бояд хайру садақа ва аъмоли нек ба анҷом расонад.
Дар кӯчаҳо гаштани фариштагон маънои онро дорад, ки шахси хобдида бояд дар тарозу ва ченак дақиқкор бошад. Дар қабристон дидани фаришта аз паҳн шудани бемории вабо дар миёни олимон ва марги зоҳидон хабар медиҳад. Ҳар нафаре, ки дар хоб фариштаро мебинад, бояд тавофи хонаи Худо намояд.
Дидани фариштагон дар майдони ҷанг нишонаи бар душман ғолиб омадан аст. Агар фариштагон сари таъзим фуруд оранд, ин нафар ба тамоми орзуву ниятҳои худ мерасаду шуҳрат ба даст меорад. Бо фаришта мунозира кардан, маънои ба вазъияти душвору риқкатовар афтидани инсон аст.
Нафари беморе, ки дар хоб ҷанги фариштагонро бубинад, рӯзи маргаш наздик аст. Дар хоб дидани парандагони ношинос маънои онро дорад, ки фариштагон дар парвозанд. Агар нафаре дар хоб бубинад, ки дар сурати фаришта баромад мекунад, аз бадбахтиву нокомӣ раҳо мегардад. Агар бемор чунин хоб бубинад, рӯзи маргаш наздик аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД