Фардун Хайруллозода, рӯзноманигори шинохта, асосгузори радио ва телевизеони "Авторадио Тоҷикистон" дар синни 27 солагӣ аз олам даргузашт.
Дар ин бора Бахтовари Ҷамшед дар саҳифаи инстагармаш хабар додааст, вале дар бораи сабаби маргаш чизе гуфта нашудааст.
Марги нобаҳангоми ин рӯзноманигори шинохта ҳаводорону ҳамкасбонро дар ҳолати "шок" мондааст.
Хайруллозода ҳанӯз дар синфи 5-ум таҳсил карданаш ба фаъолият шурӯъ карда, дар самти рӯзноманигор аз телевизеони бачагонаи "Баҳористон" ба кор оғоз кард. "Пеш аз ин ҳеҷ гӯшаю хаёлам намеомад, ки ман рӯзноманигор мешавам", гуфта буд, Фаридун дар як мусоҳибааш бо хабарнигорон.
Аз Фаридун Хайруллозода як фарзанд, духтарча боқӣ монд.
Мо аҳли қалами сомонаи "Оила ТҶ" аз марги нобаҳангоми ин ҷавон, ки дар айёми шукуфтанҳо ба Ҳақ пайваст, сахт андуҳгин буда, ба пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонем. Руҳат шоду хонаи охиратат обод, Фаридун Хайруллозода.