arzon replenishment
ФАРБЕҲӢ БА МАРД ЧӢ ЗАРАР ДОРАД?
15.06.2021
НОДИРА
2331

 

Тавре маълум аст, бемориҳои ҷинсии мардона бо фарбеҳ шудани мард бештар мешаванд. Фарбеҳӣ боиси паст шудани ҳормони асосии мардона — тестостерон мегардад. Ҳар қадаре мард калонсол бошад, ҳамон андоза сатҳи тестостеронаш паст мешавад.

Чаро қувваи мард кам мешавад?

Барои фаҳмидани сатҳи тестостерони худ мард бояд ба ду суол посух гӯяд: оё рағбати ҷинсӣ ва қувваи мардияш кам шудааст? Агар посух мусбӣ бошад, пас маълум мешавад, ки сатҳи тестостерон дар ҷисми мард кам шуда истодааст.

Рафту рағбати ҷинсӣ ва нерӯи мардӣ дар сатҳи олӣ бошад, вале мард аз камқувватӣ, камшавии қобилияти корӣ ва дилсардӣ нисбати зиндагӣ шикоят намояд, ин ҳам маънои онро дорад, ки сатҳи тестостерон дар ҷисми мард ба камшавӣ шурӯъ намудааст. Рафту чунин шикоятҳо дошта бошед, бонги хатар занед. Агар мард норасоии тестостеронро эҳсос намояду сади роҳи он нашавад, мушкилоти ҳаёти маҳрамона сар мешаванд.

“Импотенсия” нишонаи инфаркт аст?

Камшавии нерӯи мардиро табибони андролог беҳуда бемории ишемикии аз миён поён намешуморанд. “Импотенсия” ба дунболи худ бемориҳои ба ҳаёт таҳдидкунандаро мисоли инфаркт ё инсулт ба бор меорад. Тавре таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, аксари мардоне, ки аз кам шудани қувваи мардӣ азият мекашанд, бо бемории сактаи дил бистарӣ шудаанд.

Камшавии нерӯи мардӣ табобат дорад?

Беҳтарин роҳи табобат харобшавӣ аст. Харобшавӣ тавассути истеъмоли ғизои дуруст ва машқҳои ҷисмонӣ ва дорувориҳои махсус имконпазир аст. Аксарияти маризон бояд тавассути дорувориҳо сатҳи тестостерони худро ба эътидол оваранд, ки боиси самаранок харобшавӣ мегардад. Қисми зиёди маризонро бо чунин дорувориҳо табобат кардан мумкин аст, вале ҳолатҳое мешавад, ки бо доруву дармон табобат кардани мард имконнопазир мегардад. Ҳар қадаре табобат барвақт сар шавад, ҳамон андоза имкони ба зудӣ табобат ёфтани мард, яъне барқарор шудани сатҳи тестостерон ва нерӯи мардӣ имконпазир мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД