arzon replenishment
Фараҳноз Шарафова чӣ тавр машҳур шуд?
05.05.2024
ОИЛА.ТҶ
953

Фараҳноз Шарафова аз ҷумлаи сарояндагони ҷавонест, ки феълан сурудҳояш миллионҳо шунаванда доранд. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ то ҳадде маъруфу машҳур гашт, ки шояд худаш низ ба чунин зудӣ муваффақ шудани худ бовар надошт.

Як соли охир дилхоҳ суруди нашркардаи Фараҳноз ба “хит” мубаддал гашта, дар забони хурду бузург моҳҳо мемонад. Ин духтараки фариштарӯю фариштахӯро бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинохтанд, гӯш карданд, дӯст доштанд ва пайравӣ намуданд.

Наметавон гуфт, ки номбурда, дар шоу-бизнеси тоҷик навгонии ҷиддӣ ворид намуд, сурудҳое сароид, ки умри беохир доранд ё кашфиёте намуд, вале метавон гуфт, ки ӯро мардум дӯст дошт ва маҳбуби дилҳо гашт. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем, ки дар тӯю маъракаҳои мардум хеле зиёд иштирок менамояд, дар дохилу хориҷи кишвар барномаҳои консертӣ барпо менамояд, дар барномаҳои зиёд иштирок мекунад, ки ин нишони маҳбубияти ӯст.

Яъне, ба маънои томаш ҳоло Фараҳноз Шарафова дар ҷомеа машҳур аст. Пас, ба саволи асосии матлаби мо “То машҳур шудан Фараҳноз Шарафова чӣ гуна зиндагӣ дошт?” ҷавоб медиҳем.

Аз мусоҳибаҳои бешуморе, ки дар интернет нашр шудаанд, маълум мешавад, ки Фараҳноз Шарафова дар оила духтари ягона аст ва дар оғоз барои сароянда шуданаш падар ва се бародараш зид будаанд. Аммо чун санъатро хеле зиёд дӯст медоштанд, садди роҳ нашуданд. Ҳамин тавр, Фараҳноз ба роҳи санъат пой гузошт.

Фараҳноз Шарафова ҳарчанд дар маҳфилҳои мактабӣ суруд мехонд, вале шинохта набуд. Ӯ замоне машҳур гашт, ки бо сарояндаи шинохта Азизбек Ҷӯраев суруди “Зангирам”-ро таҳия карданд. Суруди мазкурро то ҳадде машҳур гашт, ки ба қавле як чеҳраи навро дар санъати тоҷик тавлид кард. Пас аз он суруд Фараҳноз яку якбора шуҳратёр гашт ва бо дигар сарояндагон низ сурудҳои дуовозӣ хонд. Яъне, ӯ пеш аз машҳур гаштан хонандаи мактаб буд ва шуҳрат маҳз аз ҳамон вақт думболагираш гашт.

Инак, Фараҳноз то андозае машҳур аст, ки ҳатто бо ҳунарманди саршинос Валиҷон Азизов таронаи дуовозӣ сароидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД