Arzon march 2024
Фараҳманд Каримов: Тӯҳфа ишқу муҳаббати зану шавҳарро зиёд мекунад
3787

Фараҳманд Каримов яке аз ҳунармандони ҷавону боистеъдоди тоҷик мебошад, ки бо сурудҳои марғуби ошиқонааш дар дилу дидаи мардум маъво гирифта, мухлисони сершумори худро дорад.

Бахшида ба “Рӯзи ошиқон” мо бо ин сарояндаи муваффақ мусоҳибаи гуворое оростем, ки фишурдаи онро манзури шумо месозем.

-Ишқ дар зиндагии Фараҳманд чӣ нақш дорад?

-Ишқ дар зиндагии ҳар як шахс нақши муҳим дорад. Ишқ дар осори бузургони мо ҷойгоҳи хоси худро дошт ва то ба имрӯз низ чунин аст. Дар ҳама давру замонҳо ҳеҷ як эҷодкор бидуни ишқ шеъри олӣ, суруди олӣ ва асари олӣ наофаридаасту офарида ҳам наметавонад. Маҳз ишқ аст, ки боиси илҳоми эҷодкорон мегардад. Аз ҷумла дар эҷоди суруди низ ишқ нақши бузург дорад.

-Ишқи аввалинатонро дар ёд доред?

- Кӣ дар айёми мактабӣ ё давраи ҷавонӣ ошиқ нашудааст?! Албатта ман ҳам ошиқ будам.

Муттассифона, ишқи аввалам мисли варақе аз китоби зиндагӣ варақгардон шуд ва аз худ хотираи некеро ба ёдгор гузошта, рафт. Ёдаш ба хайр бод!

-Шумо оиладоред. Дар “Рӯзи ошиқон” ба ҳамсаратон чӣ тӯҳфа мекунед?

-Албатта ман ҳам мисли дигарон бо ҳамсарам ин рӯзро таҷлил мекунем. Барояш тӯҳфаи арзандае мехарам ва дар канораш гул, чунки занҳо гулро зиёд дӯст медоранд. Умуман, кӯшиш мекунам, ки тез-тез ба ҳамсарам ягон туҳфа барам, чунки тӯҳфа муҳаббати зану шавҳарро зиёд мекунад.

-Ҳамсаратонро дӯст дошта хонадор шудед ё янгаро волидонатон интихоб карданд?

-Ростӣ интихоби келинро ба модарам вогузор карда будам, зеро ҳеҷ як модар намехоҳад фарзандаш аз бахт маҳрум бошад. Аз интихоби модарам розӣ ҳастам ва шукри худо зиндагии ободу хушбахтона дорам.

-Дар “Рӯзи ошиқон”ба мухлисонатон чӣ таманно доред?

-Орзу мекунам, ки тамоми ошиқон ба висоли ҳамдигар бирасанд ва зиндагии хушбахтона дошта бошанд. Беҳуда нагуфтаанд:

Муҳаббат оташи ишқӣ ҷавонӣ,
Муҳаббат офтоби зиндагонӣ.
Намесабзад ҷавонӣ бе муҳаббат,
Чӣ лозим бе муҳаббат зиндагонӣ.

Меҳроншоҳ Усмонзода

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД