Фараҳманд Каримов яке аз ҳунармандони ҷавону боистеъдоди тоҷик мебошад, ки бо сурудҳои марғуби ошиқонааш дар дилу дидаи мардум маъво гирифта, мухлисони сершумори худро дорад.
Таронаҳои ин сарояндаи хушзавқро дар ютуб миллионҳо нафар тамошо карда, дар зери сурудаҳои дилошубаш суханони пурмеҳру муҳаббат менависанд.
Фараҳманд Каримов дар арафаи соли нави милодӣ ба мухлисонаш сюрприз карда, якбора се суруди навашро дар Ютуб-канали худ пахш намуд.
Таронаи аввали ин ҳунарманди ҷавон ”Райҳон” ном дошта, бо ду забон-тоҷикӣ ва туркӣ суруда шудааст. Ин сурудро дар давоми се рӯз 35 ҳазор нафар тамошо кардаанд.
Таронаи дуюми Фараҳманд “Ҷони Лайлӣ” ном дорад, ки аз ду суруди халқӣ “Нигорҷон омадай” ва “Лайлӣ, Лайлӣ интизорам биё” таҳия шудааст. Таронаи мазкурро дар як шабонарӯз қариб 40 ҳазор нафар тамошо кардаанд.
Суруди сеюм “Фарғона ба якта шумо” ном дошта дар давоми як рӯз онро қариб 15 ҳазор нафар тамошо кардаанд.
Ёдрас мешавем, ки ин клипҳо аз ҷараёни консерти Фараҳманд Каримов, ки рӯзи 1-уми сентябр бори аввал дар “Қасри ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри бостонии Хуҷанд таҳти унвони “Зангулаи ишқ “ баргузор гашта буд, сабт шудаанд. Шакли пурраи консертро шумо дар ютуб-каналӣ Фараҳманд Каримов тамошо карда метавонед.
Фараҳманд Каримов зимни суҳбат ба хабарнигори сомонаи Оила. ТЧ гуфт, ки инҳо аввалин сюрпризҳои солинавӣ барои мухлисон буданд. Дар соли 2024 ин овозхони ҷавон боз чандин таронаҳои ошиқонаро ба дӯстдорони савту наво пешкаш карда, хотири ҳаводоронашро шод хоҳад гардонд,