Дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе фаъолияти электросамокатҳо, электроскутерҳо ва дигар воситаҳои сайёри инфиродӣ (ба истиснои воситаҳои инфиродии ба қайди давлатӣ гирифташуда) дар роҳҳои автомобилгард ва пиёдагарди ҳудуди шаҳри Душанбе, ба ғайр аз ҷойҳои махсус муайяншуда, то соли 2030 муваққатан манъ карда мешавад.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, қарори мазкур бо мақсади танзими фаъолияти бенизоми электросамокатҳо ва электроскутерҳо, коҳиши садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки онҳо, пешгирии халал ба ҳаракати муътадили нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард қабул гардидааст. Татбиқи ин тасмим то фароҳам овардани шароити зарурии инфрасохторӣ идома хоҳад ёфт.
Дар ин замина, аз шаҳрвандон, хусусан волидони ноболиғон хоҳиш карда шудааст, ки фарзандонро бе назорат нагузоранд ва аз истифодаи воситаҳои манъшуда худдорӣ намоянд.