arzon replenishment
Фалаксарои ҳуқуқшинос
419

Имрӯз яке аз сарояндагони ҷавону боистеъдоди тоҷик Соро Аҳмадова ҷашни милод дорад.

Соро 8-июни соли 1999 дар деҳаи Куҳандиёри ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта соли 2017 онро хатм расонидааст.

Аз ҳама ҷолибаш он аст, Соро аз хурди орзу дошт, ки сароянда шавад вале баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия дохил шуда, соли 2022 ин муассисаи бонуффузро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Ҳуқуқшиносӣ яке аз пешаҳои бисёр бообрӯ дар ҷомеаи муосир ба шумор меравад, вале Соро бо доштани ихтисоси ҳуқуқшинос соли 2018 ба ансамбли давлатии "Фалак"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омадааст.

ИНЧУНИН, ХОНЕД:

АРМУҒОНИ НАВБАТИИ СОРО

Айни замон Соро Аҳмадова дар Оркестри эстрадии “Гулшан” кор мекунад ва ҳар як таронаи нави ин бонуи пурҳунар барои мухлисонаш иди ҳақиқист.

Қаблан дар посух ба пурсиши як хонанда иттилоъ дода будем, ки Соро айни ҳол оиладор нест.

Ман на оиладор будам ва на оиладор ҳастам. Аслан, то имрӯз дар фикри оиладор шудан ҳам набудам. Фақат дар фикри пешравӣ ва кор будам. Танҳо кӯшиш мекардам дар дили ҳар яки шумо бо сурудҳои худ ҷой гирифта бошам ва самари меҳнатҳои ман ба ҳамаи шумо писанд ояд”, - гуфта буд ӯ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Yahyo 2023-09-24, 20:26
Баьд аз сари момаам дар хучат ман ва модарам астам ва тагоихои дигарам давои хона доран лек дар кайди хучатхои хона нестай онхо ягон кор карда метавонанд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Yahyo 2023-09-24, 20:26
Баьд аз сари момаам дар хучат ман ва модарам астам ва тагоихои дигарам давои хона доран лек дар кайди хучатхои хона нестай онхо ягон кор карда метавонанд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД