Салом ба кормандону хонандагони сомонаи дӯстдоштаам - Оила.ТҶ! Ман яке аз мухлисони ашадии сарояндаи маъруф Соро Аҳмадова ҳастам. Суруду наворҳояшро тамошо мекунам, аммо дар бораи зиндагии шахсиаш ҳеҷ маълумот надорам. Мехоҳам донам, ки Соро оила ва фарзанд дорад ё не? Илтимос, дар бораи ҳаёти шахсии ин сарояндаи ҷавон каме маълумот диҳед!
Азиза, н. Ҷ. Балхӣ
Ташаккур, ки ҳаводори сомонаи мо ҳастед! Дар ҳақиқат Соро Аҳмадова сарояндаи умедбахш буда, ҳар як таронаи ин зебосанам аз ҷониби дӯстдорони савту наво хеле гарм пазироӣ мешавад. Ба саволи он ки Соро Аҳмадова оила ва фарзанд дорад ё не, худи сароянда дар саҳифаи Инстаграмаш чунин посух додааст:
”Ман на оиладор будам ва на оиладор ҳастам. Аслан, то имрӯз дар фикри оиладор шудан ҳам набудам. Фақат дар фикри пешравӣ ва кор будам. Танҳо кӯшиш мекардам дар дили ҳар яки шумо бо сурудҳои худ ҷой гирифта бошам ва самари меҳнатҳои ман ба ҳамаи шумо писанд ояд.”
Агар шумо ҳам мехоҳед роҷеъ ба рӯзгори ситораҳо чизеро бидонед, пас ба мо нависед!