Шаби гузашта кори баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook ва Instagram давоми 7 соат қатъ шуд. Хомӯшии ин шабакаҳои машҳур дар байни истифодабарандагони интернет шубҳаю гумонҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Иддае аз дилбохтагони ин шабакаҳо ҳадс мезадад, ки кори Facebook ва Instagram аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ махсус қатъ карда шудааст, вале маълум мешавад, ки сабаб тамоман дигар будааст.
Шабакаи Facebook тасдиқ кард, ки сабаби ин маҳдудият дар нобарор анҷом ёфтани тағйироте, ки дар барномаҳои худи фейсбук ба вуҷуд омад, мебошад. Ҳамчунин масъулини шабака қайд кардаанд, ки хушбахтона масдуд шудани кори шабака ба истифодабарандагон ягон зиён нарасонида, маълумотҳои истифодабарандагон фош нашудаанд. Дар тӯли 7 соате, ки фаъолияти фейбук ва инстаграм қатъ гашта буд, дар шабакаи Telegram зиёда аз 50 миллин нафар ба он обуна шудаанд. Айни ҳол истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ муоширати худро идома дода истодаанд ва зиндагӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.