Бозигари испанӣ Серхио Рамос ният дорад якҷоя бо ширкати Five Eleven Capital соҳиби бошгоҳи “Севиля” шавад. Дар ин бора нашрияи Cadena Ser бо истинод ба маълумоти Carrusel Deportivo хабар додааст.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, гуфта мешавад, ки муҳофизатгари собиқи бошгоҳи “Реал Мадрид” ва тими миллии Испания дастаи шаҳри Андалусияро бо нархи 450 миллион евро мехарад. Рамос ва вакилони ӯ айни замон ҳисоботи молиявии бошгоҳро баррасӣ мекунанд. Ин раванд метавонад чанд моҳ тӯл кашад.
Гуфта мешавад, ки натиҷаҳои бади солҳои охир саҳмдоронро маҷбур кардаанд, ки “Севиля”-ро фурӯшанд. Ӯ қаблан аз соли 2003 то 2005 ва боз дар мавсими 2023/2024 дар бошгоҳи “Севиля” бозӣ кардааст.
Охирин бошгоҳи Рамоси 39-сола дастаи мексикоии “Монтеррей” буд, ки ӯ онро дар аввали моҳи декабри соли ҷорӣ тарк кард. Хабар дода шуд, ки Серхио метавонад маснади касбии футболбозии хешро идома диҳад.