Машғул шудан бо варзиш барои саломатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон ва наврасон манфиатҳои зиёде дорад. Дар Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бо мақсади ҳавасмандсозии насли наврас ба варзиш байни духтарони аз 6 то 12-сола эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир гашт.
Тавре масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар додаанд, ташкили эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун ба кӯдакон эҳсосоти хуш ва хотираҳои фаромӯшнашаванда бахшида, дар маҷмуъ 200 нафар кӯдакон дар ин чорабинии варзишӣ ширкат варзидаанд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ ҷалби духтарон ба футбол, ҳавасманд намудани онҳо ба идома додани ин намуди варзиш ва тағйир додани муносибат ба футболи занона дар ҷумҳурӣ буда, эстафетаи футбол дар доираи лоиҳаи «FIFA Women’s Football Campaign» доир гаштааст. Ба иштирокчиёни чорабинӣ медал, тӯб ва либосҳои варзишӣ туҳфа карда шудааст.