Arzon march 2024
Эрон раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор кард
248

Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон талаби раводид - визаро барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кард. Минбаъд мардуми тоҷик метавонанд бидуни виза ба Эрон сафар кунанд.

Шуруъ аз 3-юми феврали соли 2025 зодагони Тоҷикистон имкон доранд бидуни виза ба Эрон сафар намоянд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон аз шаҳрвандони Тоҷикистон раводид талаб карда намешавад.

Тибқи қарори Ҳукумати Эрон шаҳрвандони Тоҷикистон бо шиносномаи оддии хориҷӣ то 30 рӯз бидуни раводид дар Эрон монда метавонанд.

Ҳадаф аз барҳам додани раводид мустаҳкам намудани дӯстӣ байни мардуми ду кишвар ва рушди туризм мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД