Formula novemver 2024
Эркин Одинаев наберадор шуд
889


Яке аз сарояндаҳои маҳбуби тоҷик Эркин Одинаев рӯзи гузашта бобо шудааст.

Дар ин бора худи овозхон дар саҳифаи фейсбукаш хабар дода, чунин навиштааст:

“Худоро шукр имрӯз боз соҳиби наберача шудем. Муборак бошад, бобои Эркин!”

Эркин Одинаев зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки аввалин шуда ин хушхабарро ба ман модарам расонданд. Чанд рӯзи охир хеле руҳафтода будам, вале бо шунидани ин хабари хуш хеле хушҳол гаштам. Ин набера аз духтари калониам Юлдуз аст. Шукронаи Худо аз ин духтарам ду набера дорам.

Ёдовар мешавем, ки Эркин Одинаев соҳиби чор фарзанд буда, 2-писар ва 2 духтар дорад.

Эркин Одинаев рӯзи 12-уми октябр дар шаҳри Панҷакент барои мухлисонаш як барномаи рангини консертӣ барпо мекунад. Овозхон баъд аз ин консерт сафари ҳунарии худро ба шаҳрҳои Русия ба нақша гирифтааст. Санаи 16-уми октябр ӯ дар шаҳри Екатеринбург ва 17-ум дар шаҳри Тюмен консерт дорад.

Пас аз бозгашт рӯзи 20-уми октябр Эркин Одинаев ба шаҳри Хуфҷанд сафар карда, дар консерти устоди ҳунар Ҷурабек Муродов иштирок мекунад ва аз ин шоҳсутуни санъати тоҷик дуои сафед гирифта, баъд омодагиро ба консертии солинавӣ дар пойтахт шурӯъ менамояд.
Эркин Одинаев гуфт, рӯзҳои наздик ду клиптаронаи навашро пешкаши махлисони худ месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД