Arzon march 2024
ЁРИ ДАНҒАРАГИИ ЗУЛАЙХО МАҲМАДШОЕВА КИСТ?
04.09.2021
Оила
1215

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони 27-солаи тоҷик, ҳафтаи равон таронаи навбатии худро бо номи “Сабзинаи Данғара” ба ҳаводорони ҳунараш тақдим намуд.

Ӯ порчае аз таронаи ҷадидашро дар саҳифаи Инстаграмаш нашр кардааст, вале дар бораи муаллифи шеъру оҳанги суруд чизе нагуфтааст. Таронаро аз рӯзи нашраш то кунун дар саҳифаи “Zulaykho Mahmadshoeva” дар шабакаи YouTube зиёда аз 20 ҳазор нафар тамошо карда, аксарият баҳои баланд додаанд. Хусусан, сокинони ноҳияи Данғара аз оне ки овозхон ҷавонони Данғараро васфу ситоиш кардааст, ба ваҷд омада, ба Зулайхо миннатдорӣ баён кардаанд.

Корбарон дар баробари таърифи суруд, эрод низ гирифтаанд. Масалан, корбаре навиштааст, ки вақтҳои охир Зулайхо бо як сабк суруд мехонад ва замоне расидааст, ки бояд ба эҷодиёти худ навгонӣ ворид намояд. Нафари дигар навиштааст, ки дар бораи ҷавонони Данғара сурудҳо зиёданд ва ин барои мухлисон дигар ҷолиби диққат буда наметавонад. Худи Зулайхо ба шарҳҳои бешумори мухлисонаш то ҳол вокунише нишон надодааст ва маълум нест, ки овозхон бо кадом мақсад дар васфи ҷавонони Данғара суруд сароидааст. Шояд ӯ ёри данғарагие дораду мо намедонем? Агар дар ин хусус хабари тозаеро дастрас кардем, ҳатман шуморо дар шумораҳои минбаъда огоҳ хоҳем кард.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД