Шоми имрӯз, 24-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин мулоқот намуда, масъалаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро баррасӣ менамоянд.
Тавре ёрдамчии Президенти Россия Юрий Ушаков дар суҳбат бо расонаҳои русӣ гуфтааст, мулоқот дар комплекси истироҳатии "Игора"-и вилояти Ленинград баргузор гашта, сарони ду кишвар дар масоили муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ, аз қабили ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ табодули назар хоҳанд кард.
Зимни ин вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи тақдири муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Дар радифи масоили муносибатҳои ду кишвар ҳамчунин масъалаҳои муҳими минтақавӣ, аз қабили вазъи Афғонистон, сарварии Россия ба ИДМ дар соли 2024 ва супурдани ин мақом ба Тоҷикистон дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор мегиранд.