Имрӯз, 16-уми июл бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи чанд корхонаи нав баргузор гашт.
Аз ҷумла дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” ба истифода дода шуд. Корхонаи мазкур иқтидор дорад, ки дар як сол то як тонна тиллоро коркард намояд. Минбаъд дар ин ҷо бо истифода аз технологияи муосир намудҳои гуногуни ҷавоҳирот истеҳсол ва пешкаши мизоҷон гардонида мешавад.
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии “Нонпаз” мавриди истифода қарор дода шуд. Дар корхонаи “Нонпаз” беш аз 80 намуди маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла нон, батон, баггет, кулчаҳои қандин, торт, круассан, шириниҳои варақӣ ва амсоли инҳо истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 40 тонна маҳсулоти нонӣ ва 5 тонна маҳсулоти қаннодӣ мебошад. Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти насбшуда истеҳсоли насли нав буда, аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид гардидааст. Шумораи кормандон аз 200 то ба 400 нафар расонида шуда, иқтидори истеҳсолӣ низ ба маротиб зиёд хоҳад шуд.
Дар ноҳияи Синои пойтахт тарабхонаи “Баҳор-Фарел” мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин ҷо танҳо аз моҳӣ наздики 20 навъ хӯрок ва дар умум 100 навъ ғизо ва хӯришҳо омода карда мешаванд, бар замми ин, моҳии зинда, дудпаз, тухми моҳӣ, гӯшти парандаи истеҳсоли худӣ ва чорво ба фурӯш бароварда мешавад.
Имрӯз ҳамчунин дар парки технологияҳои инноватсионии “Ғаюр Гурӯҳ” Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр Гурӯҳ” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ба иттилои “Ховар”, таҷҳизоти корхона аз ширкати “Старлингер”-и Австрия харидорӣ шуда, дар Осиёи Марказӣ феълан ягона ба ҳисоб меравад. Мувофиқи нақша дар ояндаи наздик шумораи коргарон ба 600 нафар расонида мешавад.