Имрӯз, 26-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ паёми табрикотӣ ироа намуданд.
Дар паём Сарвари давлат ҳамватанони дохил ва хориҷи кишварро бо ин ду рӯйдод табрик гуфта, барояшон саломатӣ, саодат, рӯзгори осуда ва сулҳу субот орзу карданд.
Ба таъкиди Президенти кишвар, қабули қатъномаи зикргардида дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид боз як нишонаи эътирофи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ ва ҳамкории созанда мебошад.
Қатъномаи мазкур бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул шудааст.