arzon replenishment
Эмомалӣ Раҳмон дар Макка ҳаҷҷи умраро адо мекунанд
558

Нимаи дуюми имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти кишварро раисони Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Сарвазир, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сироҷиддин Муҳриддин, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Вазири молия, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Прзеденти кишвар, ин сафар то 19 июл давом мекунад ва дар ин рӯзҳо Сарвари давлат дар Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ, ки бо иштироки сарони кишварҳои Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб, Уммон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон доир мешавад, ширкат хоҳанд кард.

 

Дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш як қатор мулоқотҳои дуҷониба низ ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, Раҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Макка рафта, маросими ҳаҷро адо мекунанд.

Бояд гуфт, ки Президенти кишвар то ин дам чор маротиба ҳаҷҷи умраро адо карда, ду маротиба дохили хонаи Каъба шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД