Пешвом миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа номида, ҳамеша аз ҷавонони бомаърифат пуштибонӣ мекунад.
Имсол бо мақсади дастгирии ҷавононе, ки ташнаи илму дониш буда, ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарварӣб доранд, сарвари давлат барои ғолибони се омзмун-“Тоҷикистон -Ватани азизи ман!”, “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва “Илм-фурӯғӣ маърифат” қариб 12 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2-феврал якбора се амри алоҳидаро дар бораи баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ-“Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” имзо кард.
Барои қадрдонии ғолибони озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” бо ҷоизаҳо 4 миллиону 85 ҳазор сомонӣ (1 миллиону 740 ҳазор сомонӣ бештар аз соли 2022), барои ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 3 миллиону 895 ҳазор сомонӣ (850 ҳазор сомонӣ бештар аз соли 2022) ва барои ғолибони озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 3 миллиону 750 ҳазор сомонӣ (1 миллиону 210 ҳазор сомонӣ бештар аз солли 2022) ҷудо карда шудааст.
Дар маҷмӯъ маблағи ҷоизаҳои ин се озмун назар ба соли гузашта 3,8 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, ба 11,7 миллион расонда шудааст.
Ҳадафи асосии ин озмунҳо ташвиқи илму донишомӯзӣ дар байни ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳли ҷомеа буда, дар баробари хонандагони ғолиб ҳамчунин устодонашон бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.