arzon replenishment
“Эко таксӣ” бо 400 электромобил фаъолияташро оғоз мекунад
816


Дар Душанбе боз як ширкати таксӣ бо номи “Эко таксӣ” дар фазои хизматрасониҳои мусофиркашонӣ ба фаъолият оғоз кард.

Дар ин бора дар саҳифаи расмии шаҳрдорӣ хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки бо дастури бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати гузариш ба иқтисоди сабз ва консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ то давраи соли 2026, дар пойтахти мамлакат боз як ширкати кироякаш “Эко таксӣ” ба фаъолият шуруъ намуд.

Дар расми рӯнамоии 400 электромобилҳои ширкат муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс, роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Эко таксӣ” ва Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ иштирок доштанд.

Айни ҳол дар шаҳри Душанбе чандин ширкатҳои таксӣ ба мусофирон хизмати шабонарӯзӣ мерасонанд.

Ёдрас мешавем, ки бо дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ то 1-уми сентябри соли 2025 дар пойтахт хадамоти таксӣ бояд ба пуррагӣ ба мошинҳои электронӣ, яъне электромобил гузарад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД