ИДОМААШ...
Ишқи англиси
Дар Донишгоҳ ҳамроҳи Дилҷӯ ҷавони англисе таҳсил мекард, ки Чарлз ном дошт, вале дӯстонаш ӯро осону сода карда Чип меномиданд. Ин ҷавони зардинаи баракси аврупоиён дилкушоду самимӣ ба Дилҷӯ аз рӯзҳои аввал хеле дӯстона бархурд карда буд. Падари Чип заводи лухтаксозӣ дошту яке аз сарватмандони кишвараш ба шумор мерафт. Дилҷӯ низ бо ин ҷавони хандонрӯй ҳамчун як дӯсту ҳамсабақ муносибат мекард, духтар медонист, ки дар ин ҷо Судайс ҷосусони худро дорад ва ҳаргиз бо касе гапу ҳарфи зиёдатӣ намезад, аз ҳисоби духтарон бошад як дугонаи ҳинду дошт ва дӯстии онҳо дохили донишгоҳ маҳдуд мегашт. Ҳамкурсони дигараш бо нозанини камгапу ҷиддӣ, майли сӯҳбат кардан ҳам надоштанд, танҳо Чип ба ҷону ҳоли Дилҷӯ намонда аз вай «гап» мегирифт…
Чип боре аз Дилҷӯ дар бораи Тоҷикистон пурсиду моҳе нагузашта дар бораи ватани Дилҷӯ он қадар маълумот ҷамъ кард, ки баъзеяшро худи духтар намедонист. Дилҷӯ аз боҳарорату шоирона сухан гуфтани ин ҷавони аврупоӣ фаҳмида буд, ки Чип ошиқи вай аст, аммо худашро аз вай канор мегирифт…
Ҷавони ошиқ ба хотири боз ҳам ҳайронтар намудани нозанини шарқӣ курси забони форсиро хонда баъди шаш моҳ бо форсӣ озодона ҳарф мезад. Аз Хайём рубоӣ мехонду аз Ҳофиз ғазал, рӯзе дар танҳоӣ Чип ба Дилҷӯ изҳори муҳаббат намуд. Дилҷӯ бо ҷиддият гуфт, ки ман номзад дорам ва дар ин Донишгоҳи бонуфуз низ бо мадади ӯ мехонам. Боре Чип таърихи номашро ба ҳамкурсон нақл намуда аз Дилҷу пурсида буд, ки оё шумо номатонро кутоҳ намегиред? Дилҷӯ бо ханда гуфта буд, ки мегирем, масалан маро дӯстонам Дил мегӯянд, аммо дар хона ки Дил дар номи ҳанкадоми мо ҳаст номамонро пурра гирифтан шарт аст. Аз ҳамон рӯз Дилҷӯ барои Чип Дил шуда монд. Ва ҳамон рӯз ҳам баъди изҳори муҳаббат ва раддия гирифтан ҷавон гуфт:-Дил, ман ҳам метавонам, маблағи таҳсили туро пардохт намоям. Агар ишқамро пазирӣ бо падару модарам шиносат мекунаму дар муддати кӯтоҳ тӯй мекунем. Чип хеле самимӣ буду тайёр буд хоки пойи Дилҷуро болои дидагон кунад, аммо духтар Судайсро дӯст медошт…
Миёни ду соҳил
Пас аз изҳори ишқи Чип, Дилҷӯ андешаманд ва аз орзуҳои тиллоияш баъзан пушаймон мешуд. Баъзан духтар аз дил мегузаронид, ки кош ба доми макру тазвири Ҳабиба намеафтиду бо Судайс вонамехӯрд Кош ҳамроҳи модараш як пора нони бо заҳмати ҳалол ёфтаашонро хӯрда дар хонаяки гарму нарми падарӣ дар сояи меҳри волидонаш зиндагӣ ба сар мебурд. Охир дар ватан зиндагӣ тамоман дигар аст… Баъзан ба зиндагии қашоқонаи як апааш ва ба зиндагии пурҷангу ҷанҷоли апаи дигараш низ ҳавасаш меомад. Ҳаргунае, ки набошад ҷигар ҷигар асту дигар дигар! Судайс барои ӯро моили худ гардонидан маблағҳои ҳангуфте сарф менамояд, аммо бовараш намеояд, ки Дилҷӯ ба вай сазовору вафодор аст. Табассуму меҳрубониҳояш ҳам сохтаанд, ҷавони тоҷик на тӯҳфаи қимматбаҳоят месозаду на туро боли дидаҳо мегардонад, аммо ту табиати ӯро мефаҳмӣ, аз як нигоҳ чӣ хостанашро мефаҳмӣ. Аммо дили ин араби мағруро на бо сухан ёфта мешаваду на бо гулбуссаҳо. Чип бошад аз ким-кадом аҳдномаи никоҳ гап мезанаду мехоҳад донад, ки хушдори тоҷики ман (ӯ гумон дорад, ки хушдори ман тоҷик аст) мисли падари ӯ пул дорад ё не? Ин андешаҳо духтарро азоб медоданд, бисёр мехост аз ин дарёи пуртуғён, ки бо хости худаш вориди он шудааст барояд, аммо намедонист соҳил куҷост? Вартаи наҷоти ӯ куҷост? Бо Судайс тариқи скайп гап мезаду аз нигоҳи таҳдори ӯ мақсадашро намефаҳмид. Намедонист, ки ин сиёҳҷурдаи дар ҳилла гум аз ӯ чӣ мехоҳад? Ба чеҳраи зарду чашмони хокистарии Чип нигариста ҳеҷ наметавонист дили ӯро аз нигоҳаш хонад. Дилҷӯ соатҳо назди тирезаи хонааш, ки ба кӯчаи серодами зебо кушода мешуд нишаста дар дасташ бокали чой ё финҷони қаҳва ба берун менигаристу ба андеша фурӯ мерафт. Баъзан он қадар дар олами андешаҳояш ғарқ мешуд, ки чой ё қаҳваи дар дасташ буда хунук мешуд…
Насиҳатҳои Марго
Ягона такягоҳаш дар ин шаҳри ғариб ва олами аҷиб ёрдамчияш Марго буд, Маргои меҳрубону хушсухан ва насиҳатгар. Чун рози ишқи ҷавони англисро ба Марго гуфт ӯ бо хандаи зебанда чашмони сиёҳи амиқу равшанашро ба Дилҷӯ дӯхта гуфт: Боз сарат тоб нахӯраду ба ишқи Чип гирифтор шавӣ?! Ин аврупоиҳо шапушкашонро кушта хунашро мелесанд то ҳайф нашавад.. Аз ин ташбеҳи дилбеҳузуркунандаи Марго дили Дилҷӯ шуриду лабонашро инҷ кард. Марго бошад бепарвон ба гӯйишаш идома дод:-Домодаи маро медони-а? Ана духтари ман ҳам ба бонкдори англис ба шавҳар мебароям гуфта думи ӯро гирифта ба ин ҷо омад, ин зарди аблаҳ давлати зиёд дорад, вале як пора нони хӯрдаи ман ба чашмаш метобад. Ана, мани кампир аз дасти ӯ ба кор баромадам то дар чашмаш натобаму дили духтарамро хун накунад. Чипи ту ҳам аз ҳамин тоифа ба вай бовар накун! Судайс гапи дигар, инҳо барои зани зебо ҷонашонро медиҳанд, табиаташон низ бо шумо наздик. Ана ҳамту ҷонаки ман, даст аз домони Судайс набардор. Аввал ин ки Чип аз ман не, дуввум ҳамин динаяк нагуфтед, ки «зи шири шутур хӯрдану сусмор»- бо ханда Маргоро оғӯш кашида гуфт Дилҷӯ. Марго сари Дилҷӯро бо меҳр сила карда гуфт, гапро дигар сӯй набар, ман гуфтам, ки ту ғами Судайсро нахӯр кай гуфтам, ки шоҳзодаи арабии мо бад аст…Марго чолок аз ҷой бархоста ба сӯҳбат нукта гузошта шухиомез гуфт:-Имрӯз мошкичирӣ мепазем, хез Дилам қиссаҳои ошиқона бас! Мани кампирро аз рашк мекушӣ?! Дилҷӯ низ бо шодмонӣ аз пайи Марго хест, вале дилаш гоҳ ин тараф мекашид гоҳ он тараф…
(ДАВОМ ДОРАД)