Рафоат-буча духтар надошт. Аз ин сабаб ба занони духтардор ҳасад мебурд. Духтарчаҳояшонро чун лӯхтакчаҳо зебо либос мепӯшонданду аз дастакашон гирифта мегарданд. Онҳо чунон хушрӯяк, чунон маҳмадоно, ки мондан гиред. Ин лаҳзаҳо ҳатто фаромӯш мекард, ки вай низ соҳиби панҷ тӯраписари зебост.
- Кош, аққалан яктоякаш духтар мебуд. Ман ҳам дар маъракаҳо даҳон пур карда мегуфтам, ки дар хона духтари қобилакаке дорам. Ана баъд медидед, ки хостгорҳо дари хонаамро охурча мекарданд, - оҳ мекашиду мегуфт ба шавҳараш вай.
Шавҳараш дар чунин лаҳзаҳо намедонист завҷаи меҳрубонашро чӣ хел дилбардорӣ намояд. Вай танҳо китф дарҳам мекашиду халос. Аммо дугонаҳояш аз шунидани чунин суханҳо ба ҳоли Рафоат механдиданду мегуфтанд:
- Кайф, кайфи ту. Духтар надорам гуфта, ин қадар ғам нахӯр. Ана-мана нагуфта, писаронат калон мешаванду ду панҷ нозанини даҳ ангушташон хунарро ба хонаат меоранд. Ана, баъд онҳо туро болои чанд қабат кӯрпача мешинонанду бо меҳр "буваҷон, буваҷон, боз чӣ кор кунем, дилатон чӣ мехоҳад?" мегӯянд.
Аз шунидани ин суханони тасаллибахши дугонаҳояш Рафоат ба худ меомаду лаҳзае ғуссаашро фаромӯш месохт. Худаш низ ҳамин хел фикр карда, дар олами орзуҳо сайр менамуд. Вале дил-да, дил душман аст. Касро доим ба кӯчаҳои сарбаста мебарад.
- Ана, ба писараки калониаш Акрамҷон арӯс меораду келин пагоҳиҳо хандон наздаш омада "буваҷон, ассалом" мегӯяд. Ин лаҳзаи хурсандибахшро ба худ тасаввур намуда дилаш гум мезад.
- Кай мерасида бошад он рӯз? - гӯён майна об мекард. Вале вақт чун бод тезгузар аст. Дар як миҷа задан Акрамҷонаш - марди калон, зангир шуд. Рафоат-буча ҳамроҳи хоҳару апаҳои худашу хешони шавҳараш ба хостгорӣ рафтанд. Духтари нағздида доштааст писаракаш. Рафоат-буча аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид. Кору бораш бозору магазингардӣ шуд. Қабат-қабат либосворӣ, қуттӣ-қуттӣ атру упо, ғарам-ғарам рӯмолу палтову ҷемперу болопӯш мехарид.
- Инаш барои арӯс, ваяш барои модараш, ҳо, ана, онаш барои апаю хоҳаракаш, - мефаҳмонд ҳини чизхарӣ ба шавҳараш Рафоат-бучаи шоду хандон. беохири модар тамом шуду келинро ба хона оварданд. Рафоат-буча мурғи посӯхтаро мемонд. Вай мокувор аз як хона ба хонаи дигар медавид, то иззати меҳмонони азиз - қудоҳоро ба ҷо орад. Тӯи калоне барпо карданд. Охир, ин тӯи аввали писарашон буд. Мардум нахандад, гуфта хуб ҷон коҳонданд: Тӯй тамом шуду меҳмонҳо низ паси ҳам як-як хона ба хона шуданд.
Дар ҷойҳои Рафоат-бучаино арӯси нав назди хусуру хушдоман ба салом медароянд. Рафоат-буча рӯзи дигар аз ҳаррӯза дида барвақттар хесту хӯҷаинашро низ телба карда аз ҷогаҳ хезонд.
- Мардакҷон, хоб бас, акнун хезед, ман инсӯ-онсӯро ғундорам. Ҳозир писару келинамон наздамон ба салом медароянд, - фаҳмонд ба мардакаш. Зану шавҳар шиштанд-шиштанд ҳеҷ не, ки арӯс аз хонааш барояд. Рафоат-буча хавотир шуд.
- Боз духтари мардум касал-пасал нашуда бошад, - гуфта аз дил гузаронду аз ҷо хеста назди тирезаи хонаи хоби навхонадорҳо рафт ва оҳистаяк як лабаки пардаро боло бардошта чиро дид?
Дид, ки писараки бечорааш сари зону нишаста ба занаш илтиҷо мекарду мегуфт:
- Малоҳатҷонам, хез, маро дар назди ҳама шарманда накун. Охир рӯз ним шуд, ин корат ба шаъни арӯси нав намезебад.
- Дар хонаи модарам то соат даҳ нашавад, намехестам. Одат кунед, ман ҳамин хел, - фаҳмонд келинчак ба писараш. Дуд аз димоғи занак баромад. Гӯё як сатил оби хунукро аз сараш рехта бошанд, пайкараш ларзид ва дар ҷояш шах шуда монд.
Ин чӣ рӯзи сахт, ки аз рӯзи аввал келин дар хона хукмашро ронад? Магар вай бо ҳамин умед писар калон кар да буд, ки занаш ба сараш чормағз шиканад? Не, ин хел намешавад. Одоби келини беадабро додан лозим! - аз дил гузаронд Рафоат-буча. Баъди чанд соати дигар арӯс бо нозу ишва дар рӯи ҳавлӣ пайдо шуд, вале на салому на алейк шунид касе аз вай. Ин дар назди рафторҳои дигаре, ки рӯзҳои минбаъда арӯс нишон дод, ҳеҷ буд. Вай аз рӯзи аввал бо хушдомани худ ҷанг эълон намуд. Хона намерӯфт, хӯрок намепухт, дегу табақ намешуст. Ин ҳам ҳеҷ гап не. Гапро намегирифт, гапгардонӣ мекард, бо ҳама дағал буд.
Ба Рафоат-бучаи бечора "ҳой" ном гузошт. "Ҳой, ҳамсоя ҷеғ мезанад шуморо, ҳой, телефонро бардоред, ҳой, ҳавлиро об зада рӯбед чанг хезондед, ҳой, ман дурӯза ба хонаи буваҷонам меравам"… Ина бинед-а? Рафоат-буча барояш бува он тараф истад, ҳатто на аммаю на хола шуд. "Ҳой" ном бурда гап задани келинчак ба хушдоман сахт расиду вайро наздаш шинонда ба насиҳатгӯӣ даромад:
- Духтарам, маро минбаъд бува гуфта ҷеғ зан. Охир ман акнун ба ту ҳаққи модарӣ дорам. Ин хел накун, ҳамсояҳо ба мо механданд… Ҳоло гапи хушдоман тамом нашуда келинчак биддирос зад:
- Одам дар дунё як бува дорад. Буваи ман дар хонаамон зиндаву саломат шиштаанд. Он кас намурдаанд, ки шумоя бува гӯям. Ҳамсояҳо кори худашонро донанду ба ман чақа нашаванд,- гуфт.
Сухан дар даҳони хушдоман ях баст. Дигар ҳоҷати давом додани сӯҳбат намонд. Келин аз он фикр мекардагиҳои Рафоат-буча набудааст. Орзуҳои занак ҳама ба бод рафтанд.
- Боз мегӯянд, ки келин ҳам духтар мешавад, - ашкрезон мегуфт ба шавҳараш.
Рафоат-буча аз гуфтору рафторҳои келин алам ки мекашид, қарор дод аз вай қасос гирад. Ин фикр вайро ором намегузошт. Ниҳоят он рӯз фаро расид. Келин хомиладор буд. Нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз гузашту соати ба дунё омадани кӯдак наздик шуд. Он рӯз дар хона ба ғайр аз келину хушдоман каси дигаре кабуд. Рафоат-буча дид, ки келинашро дарди кӯдак гирифтааст, худро ба хоб зад, Келинаш ба худ мепечиду аз дарди сахт фиғон мекард. Хушдоман инро медиду аз ҷо намехест. Келин ночор наздаш омад. Лекин гапро аз чӣ сар карданашро намедонист, Охир муддати як соли дар ин хонадон буданаш бо хушдоман боре ҳам одамвор гап назада буд…
- Ҳой хезед, шумо чӣ хел занак? Ҳозир кӯдак меғалтад, худам мемурам, - фарёд намуд келинчак. Аммо хушдоман намехест. Чунки рафторҳои бади келин аз нав пеши назараш омаду шайтон ба гарданаш сахттар савор шуд.
- Ҳа, бачаёбӣ ҳамин хел душвор. Ман ҳам шавҳари туро азоб кашида зоида будам, - ба ҷароҳати келинаш намак пошид Рафоат-буча. Вай қасдан ба зудӣ духтурро ҷеғ намезад, то ин ки одоби келини беодобашро диҳад. Ним рӯз бо ҳамин минвол гузашт.
Баъд дид, ки дарди келинаш бедавост, ба духтурхона сим зад. Ана мана нагуфта духтурон омаданду келинаш духтарча таваллуд кард.
- Ана ҳамин духтарча насиб бошад қасди маро аз ту меситонад, - дар дил хурсандӣ карда мегуфт бибии шодком. Охир фикри олиҷанобе ба сараш зада буд. Вай роҳи аз келин қасос гирифтанро ёфт.
- Ман ин тифлаки зеборо худам калон мекунам. Чунки тамоми умр духтарро орзу мекардам, - гуфт ба келину писараш Рафоат-буча. Онҳо розӣ шуданд, вале намедо донистанд, ки таги коса нимкосае ҳаст. Ба набераяки ҷингиламӯи маҳҷабинаш Ҷонона ном гузошт. Ҷонона мисли кӯдакони дигар беҳудаю баҳуда намегирист. Рафоат-буча бо шири гови худаш калон мекард набераякашро.
Ҷонона бибияшро модари худаш гумон карда, ӯро "буваҷон" гуфта ном мебурд. Ин лаҳзаҳо вуҷуди Рафоат-бучаро ҳиссиёти ширину гуворое фаро мегирифт, Вале чӣ мегӯед, ки духтарча низ мисли модари худаш қайсарак баромад. Бибияшро буваҷону бобояшро дадаҷон мегуфт. Модар барояш гӯё зани акояш буд, ки вайро янга гуён ном мебурд.
Модари духтарак аз чунин ранг гирифтани масъала дарғазаб буду чӣ кор карданашро намедонист. Дирӯз дасту остин барзада ба хонаи хушдоманаш ба ҷанг омад.
- Ҳой миларехта, вайро бува нагӯ, маро бува гӯй. Ман буваи ту ҳастам, - алам кашидаю аррос зада гуфт ба Ҷонона.
- Бува мегӯям, чунки ин кас буваи ман. Бувам мана калон карданд, медонед-ку, - паст намеомад Ҷонона.
-Шумоям якто бува доред, ман ҳам якто бува дорам. Малоҳат ҳеҷ умед надошт, ки фарзанди аз дилу ҷигари худаш баромада, ба вай ин хел гапҳо мезанад. Хост ба Ҷонона боз чизе гӯяд. Вале истиҳола кард. Бори аввал аз хушдоманаш шарм дошт. Мабодо дар назди духтараш ҳарфи наҷое занаду ӯро шармсор намояд.
Рафоат-буча маънидорона ба келинаш нигаристу чизе нагуфт. Аммо таги дил хуб хурсандӣ кард, чунки қасосашро аз вай гирифт, Келинаш мурғи посӯхтаро мемонд.
С ТОҶИНИССО