arzon replenishment
Валентина Матвиенко: Ба оташи баҳси муҳоҷират бензин напошед!
1495


Раиси “Совфед”-и Россия Валентина Матвиенко дар ҷаласаи навбатии пленарии Шӯрои Федератсия масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро ба миён гузошта, таъкид кардааст, ки ба баҳсу мунозираҳои иғвоангезона дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ ва муносибат бо муҳоҷирон ҳарчи зудтар хотима гузоштан лозим аст.
“Давлатдории Россия тӯли садсолаҳо дар асоси сиёсати миллии эҳтиром ва ҳамрайъии байни миллатҳо бунёд ёфтааст ва мо бояд онро ҳамчун гавҳаркаи чашмонамон эҳтиёт намоем. Душманони Россия имрӯз талош карда истодаанд, ки бо роҳи иғвоангезӣ муносибати мардуми маҳаллиро бо муҳоҷирони меҳнатӣ вайрон карда, байни миллатҳо ҷанг андозанд ва авзоъи дохилии кишвари моро ноором созанд. Онҳо дар ин кор таҷрибаи зиёд дошта, дар ҷангандозӣ ва иғвоангезӣ устухон надоранд, бинобар ин, мо бояд эҳтиёткор бошем ва ба баҳсу мунозираҳои бемаънӣ дар боби муҳоҷират ҳарчи зудтар хотима гузорем”-гуфтааст Матвиенко.
Раиси “Совфед” андешаҳояшро дар боби иғвоангезиҳои душманони Россия дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ бо мақсади низоъ ангехтан байни миллатҳои гуногун дар ҷаласаи пленарии палата доир ба натиҷаи “Соати ҳукуматӣ” баён намудааст, ки дар он сарвари ФАДН-и России Игор Баринов низ ширкат дошт.
Матвиенко мегӯяд, бадхоҳони Россия қасдан ба оташи моҷарои баҳси муҳоҷират ва муҳоҷирони меҳнатӣ бензин мепошанд, то дар дохили Россия ҷанги байни миллатҳои гуногун оғоз ёфта, авзоъи кишвар ноором гардад.
“Яке аз усулҳои асосии иғвоангезии душманони Россия гарм кардани оташи моҷаро дар мавӯи муҳоҷират бароли вайрон кардани муносибати мардуми маҳаллӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Бубинед, ки имрӯз ин мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чи қадар фаъолона давр мезанад. Ба иғвоангезии душманон дода шуда, ба баҳсҳои бемаънӣ дар масъалаи муҳоҷират ҳамроҳ шудан лозим нест. Ин бисёр масъалаи нозук аст. Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд муносибати хуби ҳукумати кишвар ва мардуми русро ба худ эҳсос намоянд, зеро онҳо бо нияти нек-обод намудани кишвари мо меоянд”-таъкид кардааст Валентина Матвиенко.
Ёдрас мешавем, ки вақтҳои охир муносибат ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия дар ҳақиқат хеле бад шудааст ва натанҳо мардуми оддӣ,балки ҳатто депутатҳо, намояндагони фарҳангу ҳунар ва дигар чеҳраҳои шинохтаи ин кишвар низ аксаран ба муҳоҷирон бо чашми таҳқир ва нафрати ошкоро менигаранд. Баҳсу мунозираҳо дар мавзӯъи муҳоҷират ва муносибати муҳоҷирони меҳнатӣ бо мардуми маҳаллӣ дар ҳақиқат оқибати ногуворро ба миён оварда метавонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД