Думаи Давлатии Россия Қонун дар бораи даъватномаҳои электрониро қабул кард. “Повестка”-и электронӣ ба тоҷиконе, ки душаҳрвандӣ доранд, чи хатар дорад?
Думаи Давлатии Россия ба Қонуни Федеролии Россия дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ тағйирот ворид намуд. Мувофиқи қонуни нав комиссариатҳои ҳарбӣ минбаъд вазифадор нестанд ба дасти ҷавононе, ки синну солашон ба адои ҳизмати ҳарбӣ расидааст, даъватномаро супоранд. “Повестка” ё ҳамон даъватнома ба хизмати аскарӣ аз ин пас ба даъватшавандагон тариқи электронӣ фиристода мешавад.
Даъватномаҳои электронӣ ба ҷавононмардоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд, тариқи кабинети шахсӣ дар бахши “Госуслуги” фиристода мешавад.
Аз нигоҳи қонунӣ даъватномаи электронӣ ба даъватномае, ки шахсан ба даъватшаванда супорида шудааст, баробар буда, баъди гирифтани он шахс вазифадор аст, ки дар вақти таъиншуда ба комиссариати ҳабӣ ҳозир шавад.
Дар сурати баъди гирифтани “Повестка”-и электронӣ дар муддати 20 шабонарӯз ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ барои шахсоне, ки ба аскарӣ рафтан намехоҳанд, маҳдудиятҳо ҷорӣ карда мешаванд. Аз ҷумла нишастан сари чамбараки мошин, хариду фурӯши амволи ғайри манқул ва гирифтани қарз аз бонк барои чунин шахсон манъ карда мешавад.
Аз лаҳзаи гирифтани даъватномаи электронӣ то рафтан ба комисариати ҳарбӣ хориҷ шудани шахси ба хизматиҳарбӣ даъват шуда аз ҳудуди Федератсияи Россия манъ гашта, ҳуқуқи тарк кардани ин кишварро надорад.
Тамоми мақомотҳои давлатӣ-аз ҷумла вазорати корҳои дохилӣ, тафтишоти пеш аз судӣ, судҳо, фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа, вазорати тандурустӣ, вазорати маориф, мактабҳои миёна, муассисаҳои таҳсилоти касбию олӣ вазифадор карда шудаанд, ки рӯйхати ҷавонони синну солашон ба даъвати аскарӣ расидаро тартиб дода, тамоми маълумотҳоро (аз ҷумла вазъӣ саломатӣ, таҳсил кардан ё хориҷ шудан аз донишгоҳ, доштан ё надоштани доғи судӣ ва ғайра) дар бораи ҷавонони синну солашон ба хизмати ҳарбӣ мувофиқ ҷамъоварӣ намоянд.
Маълумотҳои мазкур дар реестри ягона ҷойгир карда мешаванд. Минбаъд барои ворид кардани номи шахс ба ин реестр иштироки худи даъватшаванда ҳатмӣ нест. Пас аз хатми мактаби миёна ва расидан ба синни 17солагӣ, дар сурати хориҷ шудани донишҷӯён аз донишкадаҳои олӣ, ҳамчунин пас аз гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Россия ному насаби ҷавонони синну солашон ба хизмати ҳарбӣ мувофиқро ба таври фосилавӣ ба ин рӯйхат ворид намуда, барояшон даъватномаи электронӣ фиристода метавонанд.
Ҷавонмардоне, ки синну солашон аз 27 гузаштааст, вале бидуни сабабҳои узрнок хизмати ҳарбиро ба ҷо наовардаанд, ҳамчунин заноне, ки касбҳои ҳарбӣ доранд, ба ҳайъати эҳтиётӣ дохил карда мешаванд.
Ҳар як даъватшаванда метавонад ба ин реестр ворид гашта, дар бораи кай ба ӯ фиристода шудани даъватномаи электронӣ ва рӯзе, ки бояд ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад, маълумот бигирад.
Шахсони душаҳрвандӣ доштаеро, ки дар қаламрави Россия ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд, дар қатори шаҳрвандони Федератсияи Россия бо фиристодани даъватномаи электронӣ ба хизмат даъват карда метавонанд.
Қонуни мазкур баъди онро имзо намудани президенти Федератсияи Россия дар амал татбиқ карда мешавад.