Sebiston new 2024 october
Душаҳрвандӣ чӣ паёмадҳо дорад?
1540


Давоми даҳ соли охир шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон барои ба даст овардани шаҳрвандии Федератсияи Россия хеле талош менамоянд.

Тибқи омори расмӣ танҳо дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 74 000 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Россияро ба таври ихтиёрӣ қабул кардаанд.
Албатта нооромии вазъ миёни Россия ва Украина ба ҳаёти шахсоне, ки шаҳрвандии ин кишварро қабул кардаанд, бе таъсир намемонад.

Владимир Путин, президенти Россия рӯзи 21 сентябр эълон кард, ки дар кишвараш қисман сафарбаркунӣ ба артиш оғоз хоҳад ёфт. Бар асоси фармони Путин, дар навбати аввал онҳое даъват карда мешаванд, ки дар артиши Россия хизмат карда, таҷрибаи ҳарбӣ доранд ва дар ҳайати захиравӣ ҳастанд. Онҳо пеш аз фиристода шудан ба Украина дубора омӯзиш дода мешаванд...

Дар паи ин эълон сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз шавҳрандони Тоҷикистон, яъне муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш кард, ки ба ҷанг нараванд, зеро тибқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Баъдан Кирилл Кабанов, Узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия пешниҳод кард, муҳоҷирони Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки шаҳрвандии Русияро доранд, дар сурати саркашӣ аз хидмат шаҳрвандии онҳо ва аъзои хонаводаашон бекор карда шавад.

Пас тақдири шахсоне, ки душаҳрвандӣ доранд, чӣ мешавад?


Онҳо бояд тибқи қонунҳои кадом давлат амал намоянд?

Дар сурати ба ҷанг рафтани шаҳрвандоне, ки душаҳрвандӣ, яъне шаҳрванди Тоҷикистон ва Русияро доранд, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд?
Барои ба ин саволҳо ҷавоб гирифтан мо ба чанд нафар коршиносон муроҷиат намудем.

умедддд

Умедҷон Давлатов, Сармутахассиси Муассисаи давлатии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар посух ба ин савол гуфт:

-Нафароне, ки шаҳрвандии Федератсияи Русияро доранд ва дар қаламрави ин кишвар зиндагӣ мекунанд, метавонанд аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбии ФР ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд. Шахсоне, ки дар гурӯҳӣ эҳтиётӣ қарор доранд ва шаҳрвандони Русия ҳастанд, эҳтимоли даъват шудани онҳо низ вуҷуд дорад. Лозим ба ёдоварист, ки қонуни душаҳрвандӣ миёни ду давлат вақте амал мекунад, ки шаҳрванд дар макони воқеи худаш дар қаламрави ҳамон кишвар қарор дорад ва ӯҳдадории хизматӣ ҳарбиро анҷом диҳад.

махди собир

Маҳди Собир, рӯзноманигори тоҷики муқими Русия дар суҳбат атрофи даъвати нафароне, ки душаҳрвандӣ доранд ва мехоҳанд қаламрави ин кишварро тарк намоянд, изҳори назар карда, таъкид намуд, ки бояд ҳар як нафари даъватшуда, дар артиши кишвар хизмат намоянд.

“Барои ман тааҷҷубовар аст, ки ҳамдиёрони мо талош карда шаҳрвандии Русияро гирифтаанду барои хеш дар ҳудуди Русия имконияти хуби зиндагиро фароҳам овардаанд, ҷои кори мувоффиқ, хона аз ҳисоби давлат барои серфарзандӣ, ёрдампулӣ, нафақа ва табобати ройгон мегирифтанд, вале чун имрӯз Ватан дар хатар аст, мехоҳанд ба Тоҷикистон гурезанд. Ин номардӣ, нонро хӯрда ба намакдон туф кардан аст!”

Маҳдӣ Собир мегӯяд, то имрӯз се маротиба ба комиссариати ҳарбӣ барои хизмати ҳарбӣ дар қувваҳои мусаллаҳи Русия ихтиёрӣ муроҷиат кардааст, вале бо сабаби номувоффиқ будани синну солаш ба вай иҷозат надодаанд.

“Се фарзанди ман ҳамчун афсар дар сафи қувваҳои мусаллаҳ адои хзмат карда истодаанд”-гуфт ин рӯзноманигор.

Ҳамсӯҳбати дигари мо З.Қ , ки душаҳрвандӣ дораду ҳоло дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, ошкоро нагуфт, ки агар ба қувваҳои мусаллаҳи Русия даъват шавад, меравад ё не, вале ӯ қайд кард, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Русия дар масъалаи мобиликунонии қувваҳои ҳарбӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки душаҳрвандӣ ба даст овардаанд, дар баробари шаҳрвандони Русия масъулияти ҳифзи марзу буми кишвари Русияро бар душ доранд. Доштани душаҳрвандӣ, ки қонуни Русия онро рад ё инкор намекунад, иҷрои уҳдадориҳои ҳарбиро ҳатмӣ кунонидааст ва ин масъулият буда, аз ин ягон роҳи гурез нест.

Аз мушоҳидаҳо чунин бармеояд, ки баъди қабул шудани фармони президенти Русия аксари муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, ба ватани худашон баргашта истодаанд, аммо Муҳаммад, ки алъон иҷозаи мувақатии зистро гирифтаасту муддати 20- сол аст, ки дар қаламрави Русия ҳамчун муҳоҷир кору зиндагӣ мекунад, омода аст, ки бо гирифтани даъватнома ба ҳимояи марзу буми ин кишвар равад. Ӯ мегӯяд то имрӯз чанд нафар шиносҳои маро даъват карданд ва онҳо бе саркашӣ ба сафаи қувваҳои мусаллаҳ рафтанд ва ин қарзи ҳар як ҷавонмард аст, ки дар назди Ватани худ адо мекунад.

Шокирчон
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос вобаста ба уҳдадориҳои ҳуқуқии се тоифаи шаҳрвандон изҳори назар намуда, гуфт:

-Муҳоҷирони тоҷикро ба се гурӯҳ ҷудо кардан лозим аст.
1. Муҳоҷирони тоҷике, ки шаҳрвандии Русияро напазируфтаанд ва шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон мондаанд.
2. Шахсоне, ки бо нигоҳ доштани шаҳрвандии Тоҷикистон шаҳрванди Русия шудаанд.
3. Шахсоне, ки барои қабул кардани шаҳрвандии Русия аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашидаанд.

Шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро пазируфта, шаҳрвандии Тоҷикистон рад кардаанд, ягон имтиёз надоранд ва агар саломатиашон ба фармони марбутаи президенти Федератсияи Русия мутобиқат кунад, дар сурати ӯҳдадории конистутсионии худро дар қаламрави Русия ба анҷом расонидан нисбати онҳо низоми қонунгузории Тоҷикистон татбиқ намешавад, яъне онҳо ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
Масъалаи хеле баҳснок ин катерогияҳои шахсоне мебошад, ки ҳам шаҳрвандии Тоҷикистонро доранду ҳам шаҳрвандии Русияро доро мебошад. Шахсоне, ки шаҳрванди ҳарду кишвар мебошанд, бояд ба санадҳои ҳуқуқие, ки хусусияти қонуни байналмиллалиро дорад, такя намоянд, зеро ин масъаларо шартномаи дуҷониба танзим мекунад.
Онҳое, ки шаҳрванди Тоҷикистонанду ба хотири беҳтар кардани рӯзгори оила ва пайвандонашон дар Русия кор мекунанд, нисбати онҳо ин қонун татбиқ карда намешавад ва ҳаққи хизмат дар қувваҳои мусаллаҳи Русияро надоранд.
Шахсоне, ки танҳо шаҳрвандии Русияро доранд, бояд хизмат кунанд. Дар суртаи саркашӣ эҳтимоли маҳрумият аз озодӣ ё бекор кардани шаҳрвандии онҳо вуҷуд дорад.

(2)_1

Дилрабо Самадова ҳуқуқдон ва мудири “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар Тоҷикистон дар ин маврид изҳори назар карда, гуфтааст:

“Қонун дар бораи душаҳрвандӣ миёни Тоҷикистону Русия ҳаминро муқаррар кардааст, ки шаҳрвандон дар ҷойи доимии зисти худ бояд дар комиссариати ҳарбӣ ба қайд гирифта шуда бошанд. Шаҳрвандии Русияро дошта бошанд ва дар асоси қонунгузории Русия сафарбар карда шаванд, бояд рафта хидматро ба ҷой оранд. Ин гурӯҳи афрод дар Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд, вале шахсоне, ки душаҳрвандӣ доранд ва дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, агар ба ҷанг раванд, онҳоро барои зархаридӣ дар Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ мекашанд."(манбаъ Радиои Озодӣ)

Баъд аз фармони Президенти Русиядар бораи сафарбарнамоии шавҳрандон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ 260 ҳазор нафар аз қаламрави ин кишвар берун шуда, аксарияташон ба кишварҳои Осиёи Миёна кӯч бастанд, то дар макони амн бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД