Коршиносон ва намояндагон аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон дар конфронси ду рӯза, ки дар шаҳри Душанбе багурзор гашта истодааст, ҷамъ омадаанд.
Яке аз мавзӯи меҳварии ин нишаст табодули дониш ва таҷриба, таҳия ва татбиқи стратегияҳои муштараки пешгирӣ ва табобати бемории сил, пурзӯр намудани мубориза бо ин беморӣ маҳсуб меёбад.
Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии шарикони рушд - Лоиҳаҳои USAID оид ба барҳам додани бемории сил, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи глобалии мубориза бо ВНМО, сил ва вараҷа, Барномаи Рушди СММ конфронси 7-уми минтақавӣ оид ба назорати ҳамгироишудаи бемории сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Дар ҳамоиши дурӯза Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хонум Кэрри Ли, Кордори муваққатӣ, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давран Файзан, Портфолио менеҷери Фонд, шӯъбаи идоракунии грантҳо дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, Хазинаи глобалии мубориза бо ВНМО, сил ва вараҷа, доктор Тереза Касаева, Директори Барномаи глобалии мубориза бо сил (онлайн), Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, доктор Лучика Дитиу, Ҳамкории боздошти сил, директори иҷроия ва дигарон ширкат хоҳанд кард.
Дастовардҳо ва ҳадафҳои Барномаҳои миллии мубориза бо бемории сил ва натиҷаҳои бадастомадаро баррасӣ ва иқдомоти минбаъдаро мушаххас менамоянд.
Ин ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки аз таҷрибаҳои арзишманди ҳамдигар бархурдор бошанд ва ҳамкориҳои байни кишварҳоро минбаъд таҳким бахшанд. Коршиносон нақшаи чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди бемории силро барои минтақаи аврупоии ТУТ муаррифӣ намуда, хабарҳои ҷаҳониро оид ба табобати бемории сили ба дору тобовар баррасӣ менамоянд.
Ба бемории сили овони кӯдакӣ ва мушкилоти марбут ба сарбории баланди бемории сил дар байни кӯдакон таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода хоҳад шуд.
Дар доираи конфронс ҳамчунин ҷаласаҳои ҳамрадиф доир мегарданд, ки дар он иштирокчиён мавзӯъҳои навовариҳо дар ташхис, ошкор ва ташхиси бемории сил ва таҳкими низоми тандурустӣ ва маблағгузорӣ дар мубориза бо бемории силро баррасӣ менамоянд.