Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар маросими муаррифии 30 электробуси нав дар пойтахт иштирок намуданд.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба “Ховар” хабар додаанд.
Гуфта мешавад, ки электробусҳои тамғаи «Акиа НЕРУ» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мувофиқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол шудаанд.
“Рустами Эмомалӣ зимни шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати зиёд намудани электробусҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд”-менависад манбаъ.