Arzon march 2024
Душанбе - Чаноқ: Ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шудааст
238

Имшаб бинобар бориши пуршиддату давомдори барф дар роҳи Душанбе - Чаноқ 13 тармаи хурду калон фаромадааст.

Бино ба иттилои IRS, бо кумаки кормандони ширкати мазкур 7 мошин аз тарма раҳо гардида, хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест. Тавре зикр мегардад, баландии барф дар баъзе қитъаҳои роҳи мазкур ба 60 сантиметр расидааст.

- Бинобар то ҳол мавҷуд будани хавфи тармафароӣ ҳаракати нақлиёт дар ин масир муваққатан маҳдуд карда шудааст. Дар ин фосила кормандони мо оқибатҳои тармафароиро пурра бартараф ва роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард менамоянд. Баробари рафъ гардидани монеаҳои зикршуда ҳатман иттилоъ медиҳем,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД