arzon replenishment
Душанбе ба шаҳри гулҳо табдил меёбад
225

Душанбе дар ояндаи наздик ба “Шаҳри гулҳо” табдил хоҳад ёфт.

Айни замон дар пойтахти кишварамон 10 миллиону 618 ҳазору 178 адад гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонида шудаанд, ки аз ин шумора 3 миллиону 811 ҳазору 878 адад гулҳои мавсимӣ, 947 ҳазору 275 адад гулҳои бисёрсола, 5 миллиону 859 ҳазору 25 адад гулҳои лола, 1 миллиону 577 ҳазору 960 адад қаламчаи гули садбарг мебошанд.

Корҳои кабудизоркунӣ дар пойтахти кишварамон босуръат идома доранд.

Дар мавсими тирамоҳи соли 2024 ва баҳори соли 2025 дар шаҳри Душанбе 178 ҳазору 621 бех дарахтони сояафкан, 299 ҳазору 322 бех дарахтони ороишӣ, 111 ҳазору 619 бех дарахтони мевадиҳанда ва 41 ҳазору 184 бех буттаҳо шинонида шудаанд.

Шаҳри Душанбе дар партави дастуру супоришҳои бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаву ободкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба яке аз шаҳрҳои сарсабзу хуррам ва шукуфои олам табдил ёфта, аз ҷониби созмонҳои байналмилалии муҳити зист ҳамчун яке аз шаҳрҳои сарсабзу хуррам ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи олам пазируфта шудааст.

Албатта, бо боварии комил метавон гуфт, ки иқдоми «Шаҳри сабз»-и Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ҳамрадиф шудани Душанбешаҳр бо шаҳрҳои сабзи дунё метавонад мусоидат намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД