Пагоҳ, 9-уми сентябр Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунад. Дар Душанбе ба ин муносибат роҳпаймоии идона, ифтитоҳи Театри миллии Тоҷикистон, намоишгоҳҳо ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Шоми 9-уми сентябр дар майдони «Истиқлол» соати 19:00 консерти идона бо иштироки ҳунармандони маъруф баргузор хоҳад шуд.
Дар боғҳои пойтахт низ сайругаштҳои оммавӣ, ярмаркаҳо ва барномаҳои фароғатӣ ташкил карда мешаванд.