«Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар Душанбе муаррифӣ шуд
12-уми ноябр, дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ бахшида ба муаррифии филми таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор гардид.
Зимни нишаст иштирокдорон дар бораи мазмуну муҳтавои филм, раванди таҳия, ҳайати эҷодӣ ва аҳамияти таърихиву фарҳангии ин лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон маълумот доданд.
Филм бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таҳия шуда, ба дӯстиву садоқати ду чеҳраи барҷастаи адабиёти Шарқ - Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бахшида шудааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар филм воқеаҳои солҳои 1469–1492 дар шаҳрҳои бузурги Хуросону Мовароуннаҳр, аз ҷумла Ҳирот ва Астаробод, инъикос ёфтаанд.
Наворбардории филм дар маконҳои таърихии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо иштироки мутахассисони ҳар ду кишвар анҷом дода шудааст.
Давомнокии филм 144 дақиқа буда, барои тамошобинони аз 7-сола боло пешбинӣ шудааст.
Нахустнамоиши филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» 16-уми ноябр, соати 17:00, дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.