Оилаи моро дар мањалла оилаи таърифї ном мебурданд. Волидонам ҳарду табиб буданд ва ҳамдигарро чунон дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд, ки гумон мекардӣ дирӯзакак хонадор шудаанду ҳанӯз чиллаи арӯсиву домодиашон набаромадааст.
Ҳамсояҳо ва ёру дӯстонашон падару модарамро Лайлию Маљнуни сонӣ мегуфтанд. Ману апаам Закия ва додараки ягонаамон Ромизљон кўдакї ва наврасии хушбахтонае доштем. Волидонам њамеша моро ба тарабхона, театру кино ва дигар мавзењои тамошобоби кишварамон мебурданд, тобистон мо дар беҳтарин осоишгоҳҳои хориҷӣ дам мегирифтем…
Ману апаамро, ки аз њамдигар ҳамагӣ як сол фарќ доштему зиёд монанд будем, одами дидагї дугоник хаёл мекард. Солњо гузаштанду ҳардуямон донишљў шудем, апаам касби волидонамро пеша намуд, ман бошам тарҷумон шудан мехостам, бино бар ин, ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи забонҳо супурдам. Мо барои атрофиён духтарони таърифї будем ва харидорони зиёд доштем, аммо модарам мегуфтанд, ки аввал донишгоњро хатм намудан лозим, шавњар ба њељ куљо намегурезад. Аз суњбатњои телефонии шабонаи апаам дарк мекардам, ки ў љавони дўстдошта дорад, вале ба даричаи дили пурорзуи ман, ишќ то њол ангушт назада буд…
Вохўрии тасодуфї
Як рўз телефонам вайрон шуду барои таъмири он ба маркази савдои «Садбарг» рафтам. Дар назди устои телефон Закияро бо љавони болобаланди зебое дидам. Хостам аз роњам баргардам, то апаам шарм надорад, аммо ғайри ихтиёр нигоњамон ба њам афтоду ноилољ пешаш рафта ба њамроњаш салом додам. Закия табассум карда гуфт:
-Шинос шав, ин кас Нурљањон, дўсти ман!
Љавон нигоњи чашмони зебояшро бо ҳайрат ба ман дӯхта гуфт:
-Шумо мисли дугоникњо ба њамдигар монанд њастед…
Дилам аз шунидани овози марѓуладор ва дидани симои зебою чашмони барќпоши Нурљањон дар сандуќи синаам пар-пар зад, тарсидам, ки онњо эњсосотамро мефањманд, аз ин рӯ комплименти љавонро ношунида вонамуд карда телефонамро ба усто нишон додам. Устои таъмиргар гуфт, ки метавонам баъди як соат барои гирифтани телефон биёям. Нурљањон низ планшеташро барои таъмир оварда будааст, вай моро ба қаҳвахона таклиф карда гуфт:
-Закияљон, як соат ваќти зиёд аст, биёед як финљонї ќањва менўшем!
Ман нею нестон кардам, вале Закияву Нурљањон ба ҷону њолам намонда маро ба ќањвахона бурданд. Ќариб як соат аз ину он суњбат кардем, аниқтараш танњо Нурљањону Закия гап мезаданд, ман хомўш будам.
-Шумо ҳамин ҷо шинед, ман рафта ҳарду телефонро меорам,-гӯён Нурҷаҳон ба назди усто рафт.
Закия аз паси ӯ нигоҳи меҳрборе афканд ва хиљолатомез ба ман нигариста гуфт:
-Рамзияљон, ману Нур ду сол боз якдигаро дўст медорем, ў як курс аз ман боло мехонад, насиб бошад, ба наздикӣ хонадор мешавем…
Дар ҷавоб чизе нагуфтам, аммо…
Ошиқ шудаӣ, эй дил, савдоят муборак бод!
Нурљаҳон телефони маро оварду мо хайру хуш кардем. Баъди вохўрї бо ин љавони зебо ман дар банди љигарам дарди сўзонеро эњсос кардам. Шабњо дар хобам бо Нурљањон ба сайри лолазор мерафтему аз бўсањои ширини ў лабњои ташнаи бўсаам шодоб мегаштанд. Ман ошиќ шуда будам, ошиқи хушдори апаам. Дузди зӯр соҳиби молро мебандад гуфтагӣ барин, апаамро бад медидам, ки љавони дўстдоштаи маро соњиб шудааст…
Занги ҷонфизо
Пас аз як њафтаи азобу ранљ кашиданњо дар телефонам паёмаки ошиќонае хондам: «Ман туро фаромўш карда наметавонам, мехоњам ба оѓўшат бигирам ва ғунчаи лабони серобатро бибўсаму…»
Фањмидам, ки ин паёмак аз Нурҷаҳон аст, зеро он рўз ў низ ба ман нигоњњои аљибе афканда буд, аммо худро ба нодонї зада паёмак фиристодам: «Мебахшед, шумо хато кардед!» Пас аз лаҳзае ҳамон рақамҳои ношинос дар равзани телефони мобилиам пайдо шуданд ва ман гӯширо бардоштам. Нурљањон бе салому калом ба изњори муњаббат намудан пардохта гуфт:
-Рамзияљон, илтимос, маро дуруст фањм, ман туро дўст доштаам. Метавонӣ дилпур бошӣ, байни ману апаат, ягон кори љиддї нашудааст. Ман ўро ҳамчун як духтари хушахлоќ эњтиром мекунам, вале туро дидан замон фањмидам, ки таќдири ман ту њастї…
Шодиямро ба зӯр пинњон дошта «намедонам» гӯён, телефонро хомўш кардам, вале дар дил на парвои апаам доштаму на парвои ишќи ў, ман танҳо Нурљањонро мехостаму халос…
Дузди бахт
Пас аз як њафтаи занг задану илтиљо карданњои Нурљањон ҳамроҳаш ба тарабхона рафтам. Вай бо мошини ќимматбањои хориљї гулдаста дар даст ба наздам омад ва мо њарду ба тарабхонаи бонуфузе рафта ду соат хўрсандї кардем. Аз рўйи наќли Нурљањон фањмидам, ки ў писари ягона ва волидонаш одамони обрӯманди шаҳр будаанд. Падараш духтури дандон буда клиникаи шахсї доштааст, модараш бошад хизматчии давлатї шуда кор мекардааст.
-Ман бо Закия ягон бор дар бораи ишќу муњаббат њарф назадаам ва худамро дар назди ў гунањгор намењисобам, агар хоњї, худи пагоњ ба вай мегўям, ки ману ту хонадор мешавем,- гуфт њангоми хайру хуш Нурљањон.
-Беҳтараш апаам чизеро надонад,-гӯён, хоҳиш намудам, ки ин сир дар байни ҳардуямон монад.
Акнун рўз дар миён бо Нур во мехўрдем. Аксари вохўрињоямон дар хонаи зебою пурљињозе, ки падараш барои ў дар маркази шањр харида будааст, мегузаштанд. Мо дар як бистар мехобидем, вале кореро, ки боиси бадномӣ мегардад, намекардем. Мани пештар оѓўши ягон мардро надида Нурљањонро девонавор дўст доштам, агар дертар занг занад, девона мешудам…
Душмани худї
Ману апаам дар як хона мехобидем ва ҳар шаб ман медидам, ки чӣ тавр ӯ болишташро аз оби дида тар мекунад, вале худамро ба хоб зада, азиятњои ўро нодида мегирифтам. Дили ошиқам ягон зарра ба њоли фарзанди падарам намесӯхт. Аз наќлњои Нурљањон фаҳмида будам, ки вай алоќаашоро аз Закия тамоман кандааст. Гоњ-гоҳ худ ба худ меандешидам, агар апаам фаҳмад, ки дузди бахташ дар паҳлӯяш хобидааст, шояд маро бӯғӣ карда кушад…
Закия дар бораи аз Нурҷаҳон ҷудо шуданаш ба ман чизе намегуфт, чунон вонамуд мекард, ки чизе нашудааст, вале ҳамин ки маро «хоб» бурд, гиряро сар карда пичир-пичиркунон чизе мегуфт…
Фирор аз дарди ҳиҷрон
Закия соли хонишро ба зӯр ба поён расонда бо ёрии падарам ба Донишгоњи тиббии шањри Ќазони Федератсияи Руссия гузашт ва ба ќавле «сарашро гирифта» рафт. Пас аз рафтани апаам ман нафаси озод кашида ба Нурҷаҳон гуфтам, ки акнун метавонад хостгор фиристад. Волидонам хостгорони Нурљањонро хуб пазируфтанд, вале барои хафа нашуданаш ба Закия телефон карда пурсиданд, ки оё розист хоҳараш пеш аз ӯ ба шавҳар барояд. Закия ҳатто напурсидааст, ки домодшаванда кист. Модарам бехабар аз моҷарои ба сари духтаронаш омада «Закия мегўяд, ки то дар соњаи тиб профессор нашавам шавњар намекунам» гӯён, дасту остин барзада дар тараддуди тӯй шуд…
Тўй ва нафрат
Нурљањон маро бо волидонаш шинос кард. Модараш то тўй бо ман дугона шуда ҳамеша маро духтарљон мегуфт. Аз бахти баландам меболидам, вале як гӯшаи дилам ҳамеша сиёҳ буд, ки апаам Закия домодро дида чї мегуфта бошад.
Рўзи тўй њам фаро расид. Закия субњи арўсбаророн бо туњфањои зиёде расида омад ва маро ба гӯшаи хилвате бурда пурсид:
-Домод кист?
Худамро ба нодонӣ зада гуфтам:
-Ростї, ман ўро намешиносам.
-Ё тавба! Ту чї хел бо одами ношинос хонадор мешавї?-Гиребони ҳайрат дошт апаам.
-Модараш маро хуш кард,-инро гуфта ба суњбат нукта гузоштам, то сирам фош гашта, даст ба гиребон нашавем.
Апаам бо ман ба кошонаи њусн рафта, њамроњи машшотањо маро чунон орою торо дод, ки парӣ барин хушрӯй шудам. Вай бо ҳавас маро тамошо карда ороишоти замонавии аз Маскав махсус бароям овардаашро ба гўшу гарданам овехт ва табассумкунон бароям бахт хост. Ба хона баргаштем. Садои карнаю сурнай аз омадани домод хабар медод. Ҳама меҳмонон домодбинӣ баромаданд, апаам ҳам ба ҳавлӣ давид, аммо чанд лањза пас бо ранги канда баргашт ва ба дугонаам Нозия нигариста гуфт:
-Илтимос, моро як лањза танњо мон!
Нозия берун баромад. Закия ба рўям туф карда гуфт:
-Мур ту бешарафи Худозадаи шавҳардузд! Илоњї рўи бахтро набинї!!! Закия ба тарабхона нарафт, чун аз модарам сабаб пурсидам, гуфт, ки бемор шудааст.
Ҳамин тавр апаам маро надида баъди се рўзи тўй боз ба Ќазон рафт….
Зиндаҷудо
Дар ду соли зиндагиям ман соњиби фарзанд шуда бошам њам, апаам ягон бор занг зада табрикам нагуфт. Бо баҳонаи бисёр будани корҳояш вай дигар ба Ватан намеомад. Зиндагии хушбахтона, ки доштам, парвои хафагии ӯро надоштам. Нурљањон маро болои даст бардошта мегашт ва ягон бор дар бораи Закия дањон намекушод, вале…
Дуои мустаљобгашта
Фарзанди дуюмамро интизор будам, ки Нурҷаҳон њамроњи рафиќонаш ба Варзоб рафту мошинашон ба дарё парида, ѓарќ шуданд. Ҷасади варамидаи шавҳарамро баъди як ҳафта пайдо карда ба хок супоридем. Ҳамин тавр ман дар сини 26 солагӣ бо ду фарзанд бева шуда мондам. Хусуру хушдоманам баъди додани соли Нурљањон ба ман гуфтанд:
-Келин, ту ҳоло љавонї, умратро беҳуда нагузарон, кўдаконро ба мо монда шавњари дигар кун…
-Ман бо Нурҷаҳон паймон доштам, вале умр ба ӯ вафо накард. Дигар дар ин дунё ягон мард ба ман лозим нест, боқии ҳаётамро ба фарзандонам мебахшам,-гуён ба ин суҳбати ногувор нуқта гузоштам.
Закия имрўз номзади илми тиб аст. Вай дар шањри Ќазон бо як љавони зебои тољик хонадор шуда соњиби духтарчаи зебое шудааст. Дар сари соли шавҳарам ба хонаам фотиҳахонӣ омада, бо ман оштї кард. Бахшиш пурсидам, ки бахташро дар вақташ дуздидам. Апаам талх табасум намуда ба ман сирреро кушод, ки аз шуниданаш то њол ба худ наомадаам. Нурљањони ман њамроњи апаам Закия як сол мисли зану шавњар зиндагї карда будааст!
Ба Закия гуфтам, агар ҳатто дар рўзи тўй њамин гапро ба ман мегуфтӣ, аз бањри Нурљањон мегузаштам. Закия дар ҷавоб чизе нагуфт.
Имрўз ман ба тарбияи писаронам машѓулам. Кори хуби сердаромад дорам, зуд-зуд ба хориља сафар мекунам, аз чизе танќисї надорам, вале аз бахти ширини оилавї ва лаззати зан будан бенасибам, зеро ба шахси наздиктарин ба апаи њамхунам хиёнат кардам….
Рамзия,
сокини ш.Ваҳдат