Sebiston new 2024 october
“Дунёи Саодат” Фестивали ансамблҳои оилавӣ ҷамбаст карда шуд
632


Дирӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба “Рӯзи байналмилалии оила-15 май” таҳти унвони «Дунёи саодат» даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ баргузор гашт.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» дар такя ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

“Ҳадаф аз баргузории Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат»- рушд додани фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи комили ҷавонону наврасон ва ҳисси ватандӯстиву зебоипарастию эҷодкорӣ дар онҳо мебошад”-менависад манбаъ.

Дар даври ҷамъбастии фестивал ансамблҳои оилавии Неъматовҳо аз шаҳри Конибодом, Латиповҳо аз ноҳияи Мастчоҳ, Холовҳо аз шаҳри Кӯлоб, Одинаевҳо аз ноҳияи Ишкошим, Раҳимовҳо аз шаҳри Роғун, Нуровҳо аз шаҳри Ҳисор ва Муродовҳо аз шаҳри Турсунзода иштирок намуда, аз рӯи бахшҳои намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, навозиши умумӣ, суруди якка, бадеҳа, намоиши либосҳои миллӣ, навозиши якка, рақси якка, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди анъанавӣ ва суруди умумӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Дар фарҷоми фестивал ба ҳамаи иштирокдорон Диплому туҳфаҳои хотиравӣ ва ба шарикону гурӯҳи кории фестивал сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД