(Идомааш)
Оҳиста-оҳиста барои даҳ- дувоздаҳ магазин ширинӣ пухта мебурдем, фармоиш низ қабул мекардем. Зиндагиямон миёна мегузашт, Насим тули солҳои мушкилот доштанамон як бор аз дарамон даромада, ба ду шаҳписараш ёрӣ намерасонид, ман аз алимент дар суд даст кашида будам, зеро бо ин палид ягон муносибат доштан намехостам. Ҳамин тавр, писаронам мактаби миёнаро хатм намуда, бо дониши худ ҳар ду ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуданд. Онҳо рӯзона мехонданд, баъди дарс кор мекарданд. Кори доимӣ надошта бошанд ҳам, як бало карда, барои харҷи худашон ва маҳсулоти хӯроквории хона пул меёфтанд. Дилам ба ҳоли писаракони коркӯфтаам месӯхт. Насим бо зани навашу духтари аз ӯ ёфтааш хориҷа ба хориҷа гашта, боре ба гӯшаи хотираш намеовард, ки писар дорад. Хушхабарҳо меомаданду мегуфтанд, ки барои зани наваш қасру кушк сохтаасту фалону бисмадон, аммо ман чизе намегуфтам, шукронаи ҷони писаронамро мекардам…
Бачаҳои баномус
Писаронам донишгоҳро хатм карда, дар ватан мондан нахостанду ба Русия рафтанд, он ҷо ҳам орденатура мехонданду ҳам кор карда, ба ман пул мефиристоданд. Пас аз хатми орденатура дар Маскав соҳиби ҷойи кор шуданд, онҳо мехостанд маро ҳамроҳашон баранд, вале ман аз ватан рафтан намехостам. Баъди ду соли кору фаъолият дар Маскав ҳар ду соҳиби хона шуданд. Хуршед дар Маскав монду Ҷамшед бошад, ба яке аз ноҳияҳои атрофи Маскав ба кор рафт. Он ҷо ӯро чун кадри ҷавон бо хонаву ҷой таъмин карданд. Писаронам ба бисту ҳашт қадам мемонданд, аз онҳо хоҳиш кардам, ки духтарони тоҷикро ёфта, хонадор шаванд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Аввал якхонагиямонро ба сехонагии калону барҳаво дар маркази шаҳр иваз карда, баъд арӯсҳои ёфтагии писаронамро хостгорӣ рафтам. Онҳо низ дугоник Шаҳло ва Шифо буданду дар Маскав Донишгоҳи тиббиро хатм намуда, ба Тоҷикистон баргашта буданд. Падару модари келиншавандаҳо сарватманд бошанд ҳам, маро хеле хуш қабул карданд, ман тамоми саргузаштамро ба онҳо нақл кардам. Падари Шаҳлову Шифо бисёр мутаассир шуд, ман танҳо чанд туҳфа барои келинҳо бурдам. Писаронам ба падарашон даъватнома фиристоданд, ки бо занату хоҳарамон ба тӯй биё, аммо Насими номард дар ҳамин рӯзи хурсандии писаронам ҳам наомад. Тӯй барпо шуд, дар як тарабхонаи бонуфуз, ба шаҳбачаҳои зебо ва арӯсони париваш нигариста, дилам аз шодӣ моломол мегашт. Тобистон буд, онҳо бист рӯз дар ватан бо ман буданду баъд ба Русия рафтанд Ман ҳам корҳоямро тахт карда, баъди як моҳ ба назди фарзандонам парвоз кардам. Маслиҳат карда, ба як қарор омадем, ки ман бо Ҷамшеду Шаҳло зиндагӣ мекунам, зеро ҳавлии калону барҳавои онҳо ба ман писанд афтод. Назди Хуршеду Шифо низ мерафтам, аммо ҷойи зисти асосиям ҳавлӣ буд. Худоро шукр мекардаму дар сояи давлати писарони баномусам нафаси осуда мекашидам, аммо…
Занги изтироб
Баъди шаш моҳи ба Маскав омаданамон як субҳи барвақт додарам занг зад гуфт, ки Насим дар садамаи нақлиётӣ сахт маҷруҳ шуда, дар дами марг қарор дорад. Ҳарчанд ба шумо хиёнат кардааст, аммо ба писаронаш гуфтан даркор, ростӣ, дилам заррае ба ин палид насухт, вале ба бачаҳоям гуфтам. Гумон доштам, ки онҳо ин хабарро бепарвоёна қабул мекунанд, вале ҳамон рӯз чипта хариданӣ шуданд ва ман низ онҳро ҳамроҳӣ кардам. Аввал хостам писаронамро аз раъйашон гардонам, аммо беҳуда…
Шаҳлоро бурда, дар назди апааш мондему мо ба Тоҷикистон парвоз кардем. Аз фурудгоҳ рост ба беморхона рафтем, ду додараму кампири модарам назди беморхона рӯйи курпачае менишастанд. Модарам маро дида, бо гиря гуфт:
-Дуо кардӣ, бачаи хоҳарама, духтаре дуо кардӣ…
Ман модарамро ба оғӯш гирифта, посух додам:
-Очаҷон, забонам сӯзад, агар Насимро дуои бад карда бошам, ин тақдир аст. Аз рӯйи нақли додаронам фаҳмидам, ки Насим бо маъшуқааш ҳангоми аз Варзоб омадан ба садама дучор шудаанд. Духтарак ҷо ба ҷо вафот кардаасту Насим сахт маҷруҳ шудааст, як пояшро аз зону боло буриданд, як дасташро низ. Занаш маъшуқа доштани ӯро шунида, тамоман сӯяш наомадааст, маҷрӯҳ шудани ӯро як ҳамдеҳаамон фаҳмида, ба додаронам занг задааст. Як ҳафтаи расо духтурон бо марг даст ба гиребон шуда, Насимро ба қавле аз он дунё баргардонданд, ӯ моро болои сараш дида, мисли кӯдакон зор-зор мегирист. Бо як дасти сиҳаташ писаронамро ба оғӯш мегирифт, онҳо аз ду тарафаш истода, ашкҳояшро пок мекарданду ба бахшишпурсиҳояш, “Ҳеҷ гап не, дада” гӯён, ҷавоб медоданд. Модараму додаронам ба деҳа баргаштанд, мо ҳам бояд ба Маскав бармегаштем, аз ин рӯ, Ҷамшеду Хуршед хонаи падарашонро ёфта, ба модарандарашон гуфтанд, ки вақти нозу нуз нест, Насимро ба хона овардан лозим. Аммо Анора гуфт, ки аллакай аризаи ҷудошавиро ба суд додааст ва аз рангу рӯйи ин “бабник” безор аст….
Бозгашт
Писаронам маслиҳат карданду падарашонро ҳамроҳ ба Маскав овардем, ҳарчанд Насим бо гиряву зорӣ гуфт, ки бо мо намеравад ва ӯро ба бесоҳибхона супорем, аммо бачаҳо ӯро ризо карданд. Ростӣ, ба ин амали писаронам розӣ набудам, аммо онҳоро манъ карда ҳам наметавонистам. Хуршед гуфт очаҷон падарам бо ману Шифо зиндагӣ хоҳад кард, аммо ман гуфтам, ки ҳавлӣ кушодтару барои падарат хубтар аст.
Инак, панҷ сол мешавад, ки падари фарзандонам бо мо зиндагӣ мекунад, бо даводави писаронам ба ӯ пойи сунъӣ шинониданд, акнун рӯ- рӯйи ҳавлӣ роҳ мегардад, бо набераҳояш, Фаршеду Нуршед бозӣ мекунад. Анора аз ҳама сарвати доштааш ба ӯ як сари сих ҳам надод, Насимро хонасалот кард. Ман оҳиста-оҳиста бо падари фарзандонам унс гирифтам, тули ин солҳо ба ӯ хизмат кардам, дасту пояш будам ва ишқи ба нафрат табдил гаштаам боз пайдо шуд.
Қиссаи зиндагиямро барои он рӯйи коғаз овардам, ки барои дигар мардон дарси ибрат шавад. Баъзан фикр мекунам, ки агар фарзандони ман ба падарашон қасд гирифта, ӯро қабул намекарданд, чӣ ҳодиса рӯй медод?! Ҳоли Насими маъюб чӣ мешуд, аз ин рӯ, пеш аз содир кардани ҳар амал андеша мебояд….
Сабоҳат