Хушдоман модар аст, вале бо келин муросо карда натавонистани баъзе модаршӯйҳо боиси ба як образи манфӣ табдил ёфтани хушдоман гаштааст.
Қаҳрамони мо Паримо Чоршанбиева сокини деҳаи хушманзари Яхшиволи ноҳияи Ишкошим буда, се домод дорад. Саволи мо ба ин модари меҳрубон чунин аст:
-Духтарро чӣ гуна тарбия бояд кард, ки дар оянда келини хуб шавад?
-Мехоҳам суханро аз ҳадисҳои мубораки Расули Акрам сар кунам, ки фармудаанд: «Ҳаркӣ фарзанди духтаре ёбаду ба ӯ эҳсон кунад, ҳамон духтар дар қиёмат сипари оташи вай шавад». Хубиву эҳсони падару модар ба фарзанд аз тарбияи хуб вобаста аст. Ман баъди вафоти фоҷиавии ҳамсарам, ки хеле ҷавон ин оламро падруд гуфтаанд, шаш фарзандро танҳо ба воя расонидаам. Албатта миёни мардуми мо меҳру муҳаббату мурувват буду ҳаст ва пайвандонамон дар бари мо буданд, аммо тарбия чизи дигар аст. Масалан, хешу ақрабо метавонанд дар мусибату танҳоӣ ёрии моддӣ расонанд ё бо ҳарфҳои муҳаббатомез дарду фироқамонро кам кунанд, аммо тарбия паҳлуҳои дигар дорад. Шукронаи Худованд бо гузашти моҳу сол фарзандонам бузург шуданду имрӯз қаноти ман ҳастанд. Панҷ духтар дораму як писар, се духтарамро оилаҳои хуб келин карданд. Акнун мерасем ба он маънӣ, ки духтарро чӣ гуна ба воя расонем, ки келини хуб шавад?
Фарзанд ба он чӣ тақлид мекунад, ки дар оила мебинад ва он чиро ба зиндагияш ворид мекунад, ки дар муҳити ӯро иҳота карда дидааст. Барои ҳамин, мо бо рафторамон ба духтар нишон медиҳем, ки дар хонаи шавҳарат чӣ гуна бояд бошӣ? Духтар мебинад, ки модараш бо модаршӯ, хоҳаршӯ ва додарони шавҳараш чӣ гуна муносибат мекунад ва ёд мегирад. Дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ ба духтар насиҳат мекунанд, ки ба остонаи хонаи шавҳар бо нияти нек қадам мон. Хусурро падар, хушдоманатро модару хоҳару бародарони шавҳаратро хоҳару бародари худат бидон. Мо дар ҳамин гуна оилаҳо ба воя расидем, ки ҳамеша насиҳатамон мекарданд, ки ҳурмату эҳтироми хусуру хушдоман ва пайвандони шавҳарро ба ҷой биёр. Духтаронамро чӣ гуна тарбия кардаам, бояд дигарон баҳо бидиҳанд, кӯшиш кардам то ҷое азоб кашидаму онҳоро хонондам, соҳиби маълумоти олиянд. Домодҳоям ҷавонони хубе ҳастанд ва ман онҳоро мисли писари ягонаам дӯст медорам. Бо қудоҳоям муносибати хуби хешу таборӣ дорам, ба духтаронам ҳамеша мегӯям, ки дар зиндагии оилавӣ баробари шавҳар меҳнат кунанд. Бори зиндагиро якҷоя кашидан ҳам баракат меораду ҳам эҳтиромро зиёд мекунад, исрофкор набошанд, он чизе, ки шавҳар ёфта, ба хона меорад, эҳтиёт кунанд. Ҳамин гуна кору зиндагӣ кунанд, ки ҳам аз аҳли хонаводаашу ҳам дар ҷомеа раҳмат шунаванд. Дар тарбияи фарзанд ҳам ба онҳо дар баробари хушдоманҳояшон маслиҳат медиҳам. Хушбахтии фарзанд ҳамеша боиси хотирҷамъии модару падар аст ва хотири ҷамъ муҳимтарин ҳаловати зиндагист.
Суҳбаторо Дилошӯб