Дар даври дуюми марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё тими мунтахаби духтарони то 17-солаи Тоҷикистон аз Куриёи Ҷанубӣ бо ҳисоби калони 0:6 шикаст хӯрданд.
Бозӣ дирӯз, 8-уми октябр дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор гашта, футболбоздухтарони тоҷик натавонистанд ба дарвозаи рақиби худ ҳатто як тӯб зананд. Ҳамин тавр, 6 тӯби ба ҳадаф расонидаи футболбозони Куриёи Ҷанубӣ бе ҷавоб монда, бозӣ бо бохти духтарони то 17-солаи тоҷик ба поён расид. Дар гурӯҳи "А", ки Тоҷикистон ҳам шомили он аст, Урдун бо ҳисоби 6:9 Аморати Муттаҳидаи Арабро шикаст дод.
Ҳамин тавр, пас аз ду давр Куриёи Ҷанубӣ бо 6 имтиёз дар зинаи аввал қарор дошта, футболбоздухтарони тоҷик баъди як бозии мусовӣ ва як бохти калон бо 1 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Дар даври охири марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё тими духтарони то 17-солаи Тоҷикистон санами 11-уми октябр бо Аморати Муттаҳидаи Араб ва Куриёи Ҷанубӣ бо Урдун рақобат хоҳад кард.