Духтарони футболбози тими “Душанбе” чемпиони Тоҷикистон шуданд
139

Дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе “Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои духтарони то 17-сола” ҷамбаст шуда, тими духтарони футболбози “Душанбе”-и шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал гашт.

Мусобиқа моҳи майи соли 2025 оғоз ёфта, дар он 15 дастаи духтарони футболбоз аз 3 минтақаи кишварамон иштирок ва рақобат намуданд. Тими духтарони футболбози зери синни 17-солаи шаҳри Душанбе дар доираи ин мусобиқа 12 бозӣ гузаронида, дар 11 бозӣ ғалаба ба даст овардааст.

Аз байни 15 даста ба даври нимфиналии мусобиқа танҳо 4 даста роҳхат гирифтанд. Дар даври финалии мусобиқа тими духтарони футболбози зери синни 17-солаи “Душанбе” чемпиони 5-каратаи Тоҷикистон - дастаи “Бишкент”-и ноҳияи Носири Хусрав ва тими “Бунҷикат”-и Суғдро мағлуб намуда, сазовори ҷойи аввал гардид.

Дарвозабони тими “Душанбе” Нозофарин Иброҳимова” Беҳтарин дарвозабон”, Камила Расулова “Беҳтарин нимҳимоятгар” ва Сайёра Саидова “Беҳтарин мураббии U17” эълон шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Духтарони футболбози тими “Душанбе” чемпиони Тоҷикистон шуданд
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси