Sebiston new 2024 october
Духтари ҳунарманде, ки аз мӯҳра сумка ва сандуқча месозад
930

Имрӯзҳо ҷавонон дар баробари аз худ кардани илму дониш, технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ, ҳамзамон ба омӯзиши навъҳои гуногуни ҳунар низ машғуланд. Қаҳрамони навбатии мо Сабринаи Муродҷон аз зумраи чунин ҷавонони муваффақ аст.

Ин духтараки пурҳунар муддатест, ки ҳунари мӯҳрабофиро рушд медиҳад. Ӯ аз мӯҳра на ҷавоҳирот, балки сумкачаву сандуқчаҳои ғайриодӣ месозад, ки аллакай таваҷҷӯҳи харидорони зиёдеро ба худ ҷалб намудааст.
Хабарнигори сомонаи Оила.тч аз зиндагии ҷолиб ва асрори ҳунари ин духтари ҳунарманд қисса мекунад.

Сумкаҳои мӯҳрагин-мӯди нав

Сабринаи Муродҷон дар риштаи ихтисоси тарроҳии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ таҳсил мекунад. Мавсуф дар баробари тарроҳӣ аз мӯҳраҳои ранга сумкача ва сандуқчаҳои гуногун месозад.

Сабрина бар он андеша аст, ки дар замони муосир донистани якчанд ҳунар ба манфиати кор буда, имкон медиҳад, ки кас шароити зиндагии худро туфайли ҳунари дастонаш рӯз то рӯз беҳтар гардонад. Аз ҳамин хотир сирру асрори ҳунари мӯҳрабофиро аз худ намуда, онро рӯз то рӯз бештар рушд медиҳад.

"Дар мӯҳрабофӣ ҳанӯз навкорам, вале дар муддати кӯтоҳ ин ҳунарро аз худ кардам. Завқу шавқи зиёд, ки дорам омӯхтани ин ҳунар бароям ҳеҷ мушкилӣ надошт. Имрӯзҳо талабот ба сумкаҳои мӯҳрагӣ афзудааст. Ҳоло ин навъи сумкаҳо миёни ҷавондухтарон мӯд шудаанд. Сумкаҳои мӯҳрагӣ барои гирифтани ороишот, ҳуҷҷатҳо, телефон ва умуман чизҳои сабук истифода мешавад,"-мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Қаҳрамони мо дар баробари сумкаҳои мӯҳрагӣ, ҳамзамон сандуқчаҳои гуногун месозад. Ба гуфти ӯ ин сандуқчаҳо барои нигоҳ доштани ҷавоҳирот истифода мешаванд. Сандуқчаҳоро барои армуғон низ харидорӣ мекунанд.

Ҷозибаи мӯҳра ва риштаву занҷир

Сабринаи Муродҷон гуфт, барои сохтани сумка мӯҳра ва риштаву занҷир лозим аст. Дар баъзе маврид танҳо аз мӯҳра ва ришта истифода мебарад. Дастаи сумкачаҳоро низ метавон танҳо аз мӯҳра омода кард.

"Барои сохтани сумка ва сандуқча ба мо мӯҳраҳои ранга лозим аст. Ҳар кас метавонад мувофиқи табъаш ранги мӯҳраҳоро интихоб кунад. Мо бештар тибқи фармоиш ва мувофиқ ба либосҳои миллӣ сумкача омода мекунем. Баъзан барои зебо баромадани сумка қаблан ангораи онро тасвир ва баъдан аз рӯйи он тавассути мӯҳраҳо мебофем. Алҳол ният дорам ба воситаи мӯҳра дар рӯйи сумкаҳо нақшҳои миллӣ, гули чакан ва атласу адрасро офарам,-" иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.

Қаҳрамони мо барои сохтани як сумкача ба ҳисоби миёна 4- 5 соат вақт сарф мекунад. Барои сумкаҳои калон бошад вақти бештар сарф мешавад. Ин духтари ҳунарманд ҳунари мӯҳрабофиро ба дугонаҳояш низ омӯзонидааст.

Тарроҳ ва мӯҳрабоф

Сабринаи Муродҷон дар соҳаи тарроҳӣ низ аллакай муваффақ шудааст. Ӯ тарҳи зиёди либосҳои миллӣ ва арӯсиро офаридааст. Ҳамзамон чанд намуд либосҳои арӯсиро бо тарҳи нав дӯхтааст. Ӯ тибқи фармоиш либос медӯзад.
Орзуҳои наҷиби духтари ҳунарманд
Сабрина мехоҳад ҳунари мӯҳрабофиашро боз ҳам бештар рушд дода, шаклу намудҳои сумкаи муҳрагиро зиёд намояд.

"Дар оянда мехоҳам қабл аз ҳама тарроҳи муваффақ шавам ва либосҳои миллии тоҷикиро вориди мӯди ҷаҳонӣ намоям. Инчунин ҳунари мӯҳрабофиро рушд дода ба дигарон низ омӯзонам,"-изҳор дошт Сабринаи Муродҷон.

Қаҳрамони мо ният дорад баъди хатми коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ дар мактаб ба хонандагон аз фанни касбу ҳунар таълим диҳад. Мо, аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ ба корҳои минбаъдаи ин бонуи пурҳунар муваффақият ва барор мехоҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД