Никоҳ ё издивоҷи бармаҳал тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят маҳсуб ёфта, синни расмии издивоҷ 18-солагӣ аст. Вале бо вуҷуди ин, ҳолатҳои қонуншаканӣ дар ин самт ба қайд гирифта мешаванд.
Як сокини 33-солаи шаҳри Конибодом барои бастани ақди никоҳ бо духтари ноболиғи 17-сола боздошт шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин сокини шаҳри Конибодом як сокини 17-солаи ноҳияи Рӯдакиро дидаю дониста, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, дар хонааш никоҳ кардааст.
Гуфта шуд, ки нисбат ба ин мард барои бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.
Тибқи омори Вазорати корҳои дохилии мамлакатн, соли гузашта 12 нафар барои издивоҷи ғайриқонунии духтароне, ки тибқи қонун ба синни оиладорӣ нарасидаанд, муҷозот шудаанд.