arzon replenishment
Духтари момодоя чӣ тавр актриса шуд?
772

 

Гулмира Аҳрорзода аз зумраи ҷавондухтарони боистеъдоди саҳнаи театри тоҷик мебошад. Мавсуф тӯли 3 сол мешавад, ки дар Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор мекунад ва алакай бо нақшҳои ҷолибаш миёни мардум шинохта шуда, мухлисони сершумори худро дорад.

Гулмира Аҳрорзода 3-юми октябри соли 2000-ум дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Модараш момодоя ва падараш коргари оддӣ аст.

Гулмира то синфи 9-ум дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46-и деҳаи Сангистон таҳсил намуда, баъдан ҳамроҳи аҳли оилааш ба шаҳри Душанбе кӯч бастаанд. Дар шаҳр ӯ таҳсилашро дар мактаби рақами 37-и ноҳияи Сино идома додааст.

Пас аз хатми мактаби миёна Гулмира Аҳрорзода ба факултаи маҳорати актёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, тамоми нозукиҳои ин пешаро аз устодони сахтгир ва серталаб омӯхтааст.

Қаҳрамони мо дар озмуни "Суханвари беҳтарин", ки дар донишкада баргузор шуда буд, сазовори ҷойи дуюм гаштааст.

Айни замон Гулмира Аҳрорӣ яке аз ҳунарпешаҳои умедбахши Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба шумор меравад ва дар аксари намоишномаҳо нақшҳои асосиро мебозад.

Мо ба ин бонуи ҳунарманд парвозҳои нав ба нави эҷодиро орзумандем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД