Марли Мэтлин ҳанӯз якунимсола буд, ки бар асари беморӣ шунавоияшро аз даст дод. Падару модар аз талошҳои зиёди бенатиҷа ноумед шуданду ихтиёри духтаракро ба қавле, ба дасти худаш доданд.
Марли мустақилона роҳи театрро пеш гирифт ва дар ҳафтсолагӣ ба нақшофарӣ дар намоишҳои бачагона оғоз кард. Боварнокарданист, вале Марли Мэтлини маъюб дар 21-солагӣ барои иҷрои беҳтарин нақши занона дар филми «Кӯдакони хомӯшӣ» сазовори ҷоизаи "Оскар" шуд.
Воқеан, Марли аввалин ҳунарманди ношунавоест, ки ин ҷоизаро касб мекунад ва яке аз чор нафаре, ки дар кино бо нақши дебютӣ сазовори "Оскар" шудааст. Ҳунарнамоиҳои беҳамтои ин духтараки маъюб бо ҷоизаҳои дигари соҳа, амсоли «Глобуси тиллоӣ» ва "Эмми", қадр мегарданд.