Sebiston new 2024 october
Духтари истаравшание, ки аз Президент кумак хоста буд, донишҷӯ шуд
951

Манижаи Муродӣ, як духтари деҳотии истаравшанӣ, ки бо навиштани мактуб аз Президенти кишвар хоста буд, барои идома додани таҳсил дар ягон донишгоҳ ба ӯ кумак кунанд, донишҷӯ шудааст.

Раъно Зоирдухт, раиси бахши истаравшании Иттифоқи нависандагон, бонуи донишманде, ки мактуби Манижаро расонаӣ карда буд, зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, духтарак дар Маркази миллии тестӣ такроран худро номнавис кард ва дар навбати дуюм тавонист, ки донишҷӯ шавад.

“Манижа ба факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси Донишгоҳи давлати Хуҷанд дохил шуд. Ҳарчанд худаш дар ин ихтисос хондан намехост, вале дирӯз ӯро ба Хуҷанд ба донишгоҳ бурданд. Ҳоло пайи таҳсил аст”,- гуфт Зоирдухт.

Ба зикри муаллима, ба мактуби Манижа аз замони нашр таваҷҷуҳе нашуд ва онҳо аз ягон мақомоти дахлдор посухе ҳам нагирифтанд.

Бояд гуфт, ки мактуби Манижа охири моҳи июл нашр шуда буд. Ӯ дар номааш аз Президенти кишвар хоста буд, ки барои дохил шуданаш ба ягон донишгоҳ кӯмак намоянд, зеро аълохон аст ва дар дилаш орзуи хондану соҳибкасб шуданро мепарварид.

Манижа он замон гуфта буд, ки имсол синфи 11-ро бо муваффақият хатм карда, ҳуҷҷатҳояшро ба Маркази миллии тестӣ супоридааст, вале балаш нарасиду ба ягон муассисаи олӣ дохил шуда натавонист.

Ӯ гуфта буд, ки духтари деҳотӣ аст ва мабодо мисли дигар духтарони деҳот бо ин баҳона ӯро ба нафаре номзад накунанд. Бинобар ин, дар номааш аз Сарвари давлат илтимос кардааст, ки ӯро дастгирӣ карда, меҳрубонии бобогии худро барояш арзонӣ доранду ӯро ба орзуи олии донишҷӯӣ расонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД